ИМРӮЗ — РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Дар Тоҷикистон барои рушди ин соҳа 14 имтиёзи фискалӣ пешниҳод шудааст

Октябрь 8, 2021 10:05

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон таҷлил мегардад.  Кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёт буда, ба таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ, ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани аҳолӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ ва тақвияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ равона гардидааст. Аз ин рӯ соҳаи кишоварзӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. 

Бахшида ба ин сана хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  мутахассисони соҳа оид ба  вазъи имрӯзи кишоварзӣ дар мамлакат суҳбат  намуд.

Дар суҳбат сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров   иброз дошт, ки «яке аз ҳадафҳои чоргонаи стратегӣ  таъмини амнияти озуқавории мамлакат аст, ки иҷрои он бар дӯши кишоварзон гузошта шудааст. Пешрафти  истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, бунёду навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзист”.

Самаранок истифода намудани замин

Ба гуфти Баҳодур Назаров,  тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сурати самаранок истифода намудани ҳар  ваҷаб замин анвои гуногуни маҳсулоти ғизои рӯзгор ба даст омада, эҳтиёҷоти оила таъмин гардида, боқимонда ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мегардад.  Бояд гуфт, ки заминҳои ҳосилхез ва сесад рӯзи офтобии мамлакати мо имкон медиҳанд, ки мо аз як замин вобаста ба намуди зироат ду ё чор ҳосил ба даст орем.

Соли равон бо мақсади таъмини бозори мамлакат бо маҳсулоти истеъмоли кишварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 861 ҳазор гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки аз ин 691 ҳазор гектари он ба хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ ва 172 ҳазор гектар ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти зироати кишварзӣ, аз қабили сабзавот, полезӣ, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулот бештар гардидааст.

Барои самаранок истифода бурдани замин ба кишоварзон тавсияҳо дода мешавад, ки баъд аз ҷамъоварии кишти асосӣ дар ин заминҳо навъҳои дигари маҳсулот парвариш карда шаванд. Зеро кишти такрорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назарас мегузорад. Ҳамчунин имсол кишоварзони мамлакат дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ инчунин 129 ҳазор тонна маҳсулотро ба хориҷи мамлакат содирот намуданд.

Дар соҳаи кишоварзӣ 7 лоиҳа ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ мешавад

Сардори Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Қосимзода зикр намуд, ки давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Тибқи таҳлилҳои оморӣ, рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ давоми солҳои 1997-2020–ум 6,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 4,5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои бунёду навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъмини соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузориҳо 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардид. Ҳоло  боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ тавассути тадбирҳои андешида, аз ҷумла аз худ кардани заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд кардани майдони боғу токзор ва ислоҳоти соҳа, бахусус, ҳалли қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми кишвар бамаротиб беҳтар шуд.

Мавсуф иброз намуд, ки фароҳам овардани муҳити озод ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ба он мусоидат намуд, ки бо истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ бо мақсади паст намудани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маводи ғизоии воридотӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз соли 1991 то соли 2020, аз ҷумла ғалладона аз 292 ҳазор тонна ба 1 миллиону 561 ҳазор тонна, гандум аз 149 ҳазор ба 864 ҳазор, шолӣ аз 23,3 ҳазор ба 133 ҳазор, картошка аз 106 ҳазор ба 1 миллиону 23 ҳазор, сабзавот аз 323 ҳазор ба 2 миллиону 480 ҳазор, полизӣ аз 55 ҳазор ба 757 ҳазор, мева ва буттамева аз 69,8 ҳазор ба 468 ҳазор, ангур аз 93 ҳазор ба 239 ҳазор тонна расонида шуд, ки истеҳсоли ҳамаи намудҳои маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ нисбат ба соли 1991 бамаротиб зиёд гардидааст.

Имтиёзҳо ҳавасмандии марди деҳқонро ба замин бештар намуданд

Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров иброз намуд, ки тамоми ин дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва имтиёзу имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат ба амал омадаанд. Барои рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷумла, дар асоси Кодекси андозу гумрук, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2021» барои соҳаи кишоварзӣ 14 имтиёзи фискалӣ пешниҳод шудааст, ки ин зиёда аз 13 фоизи шумораи умумии имтиёзҳои давлатиро дар бар мегирад. Дастгирии давлатӣ тавассути пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо барои тарифи андоз нисбат ба воридоти технологияҳову таҷҳизот барои соҳаи парандапарварӣ, молҳои бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда, чорво, татбиқи боҷи сифрӣ нисбат ба воридоти чорвои моли зотӣ, паранда ва ҷалби сармоягузории бештар мусоидат намуд.

Дар баробари имтиёзҳои мазкур имсол Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон тамоми  кишоварзони мамлакатро аз андози ягона  озод намуданд. Ин амал дастгирии навбатии кишоварзон аз ҷониби Сарвари давлат буда, ҳавасмандии марди деҳқонро нисбат ба замин бештар намуд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, барои равнақ додани соҳаи кишоварзӣ имрӯз дар мамлакат якчанд барномаҳои давлатӣ мавриди тадбиқ қарор гирифта истодаанд,  аз ҷумла Барномаи рушди соҳаи тухмпарварӣ, Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2024, Барномаи стандартикунонӣ бо мақсади мутобиқ намудани сатҳу сифати маҳсулоти содиротӣ ва Консепсияи кластеркунонии агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040.

Хуршед Қосимзода иброз дошт, ки дар ин раванд ҷиҳати гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, татбиқи ислоҳоти замин ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаи ватанӣ солҳои 1995-1997 ду фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани 75 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон ба тасвиб расиданд, ки аз тарафи аҳолӣ хуш пазируфта шуда, боиси тадриҷан афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ гардиданд ва дар самти таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши назаррас гузоштанд. Инчунин бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996 «Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилоти кишоварзӣ» ба тасвиб расида, дар ин раванд нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон гардид, ки ин ба соҳибихтиёрии хоҷагидорон барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуд.

Танҳо давоми солҳои 2002-2015  15 барномаи соҳавӣ, аз ҷумла барномаҳои рушди соҳаи пахтакорӣ, тухмипарварӣ, картошкапарварӣ, боғу токпарварӣ, парандапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, қутоспарварӣ, асппарварӣ, моҳипарварӣ ва ғайра қабул гардида, ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуданд.

Чанд фисади аҳолии кишвар ба кишоварзӣ машғул аст?

«Беш аз 70 фоизи аҳолии мо дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва беш аз 70 фоизи аҳолии мо дар соҳаи кишоварзӣ шуғл меварзанд. Тоҷикистон ҷумҳурии аграрӣ буда, аз ин рӯ дар он имконият ва шароит барои парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар мебошад. Сарвари давлат дар суханрониҳои худ вобаста ба ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, оқилона истифода намудани ҳар ваҷаб замин ва гирифтани 3 – 4 ҳосил, афзоиш додани майдони кишти картошка, ҷамъоварии беталафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини муттасили бозори дохилӣ, содироти меваю сабзавот, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳамеша таъкид менамоянд», — гуфт Баҳодур Назаров.

Имрӯз баъзе аз кишварҳо бо мушкилоти амнияти озуқаворӣ ва болоравии нархи озуқаворӣ рӯ ба рӯ гардида истодаанд. Дар робита ба ин, Президенти мамлакат зимни ду ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумат ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки нақшаи кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла, майдони кишти картошкаро 40 фоиз зиёд намуда, инчунин майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладона, лӯбиё ва ҷуворимаккаро 60 фоиз зиёд намоянд.

Вазорати кишоварзии мамлакат барои ҳавасманд намудани марди деҳқон ва омӯхтани таҷрибаи якдигар силсилабарномаю  машваратҳои тавсиявӣ доир менамояд. Ҳамзамон барои истифода аз самаранокии заминҳои корам, зиёд намудани гармхонаҳои доимамалкунанда дар мамлакат ва  канда нашудани занҷираи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои нав амалӣ карда мешаванд.

-Имрӯзҳо тавассути ба роҳ мондани парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳои доимамалкунандаи мамлакат нисбат ба солҳои қаблӣ болоравии нархи сабзавоти барвақтӣ дар бозорҳо нигоҳ дошта мешавад. Ҳоло барои кишоварзон дар асосии талаботи қонунгузории мамлакат тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, то бо дили гарм ва меҳнати софдилона ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғул шуда, амнияти озуқавории мамлакатро таъмин намоянд, -иброз дошт Баҳодур Назаров.

Дар китоби муқаддаси «Авесто», ки се ҳазор сол муқаддам интишор шудааст, пешаи деҳқонӣ ва муқаддас доштани оини кишту кор ситоиш шуда, зикр гардидааст, ки «замин мояи ҳаёт ва бақои зиндагист, касе, ки дар замин ғалла мекорад, гӯё тухми ҳаёт ва некӣ мепошад».

Ҳар  оила хоҳони он аст, ки ҳамеша дастурхонаш пур аз нозу неъмат бошад ва аъзои оила серу пур бошанд. Ин ҳама серию пурӣ натиҷаи заҳмату меҳнати содиқонаи деҳқонон аст. Шоир Алӣ Бобоҷон дар ситоиши марди деҳқон ва меҳнати ӯ чунин гуфтааст:

Хокро карда нарм чун сурма
Бомдоди баҳор дона бикошт,
Донааш нони гандуми мо шуд,
Хирмани ганҷ аз замин бардошт.

Фирӯза  ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва манбаи боз

Октябрь 8, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид