Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дастгирии соҳибистеъдодҳои ҷавон озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаҳои адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология ва инноватсия, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои соли 2021 озмун эълон менамояд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд гардонидани соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибону рӯзноманигорон, рассомон, бастакорон, режиссёрон, меъморон, ҳунармандон ва санъаткорон таъсис дода шудааст.
Барои дарёфти ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷавононе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар рушду инкишофи соҳаи худ дар мамлакат саҳми босазо гузоштаанд, метавонанд ба таври инфиродӣ ва ё дар ҳайати гурӯҳи эҷодӣ (то 4 нафар) дар озмун иштирок намоянд. Синнидовталабониҷоиза дар рӯзипешбарӣнабояд аз 30 болобошад.
Ҷоизаи мазкур мувофиқи қарори ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 1 сол як маротиба дода мешавад.
Акс аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






