Дар Душанбе дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябри соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори минтақавии Бонки исломии рушд (БИР) дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардида, дар доираи он лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва БИР мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо, пеш аз ҳама, Иброҳим Шукриро ба муносибати ба вазифаи Директори нави минтақавии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ таъйин шуданашон табрик карда, ба ӯ муваффақият орзу намуд. Зикр гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории мутақобилан судманд бо БИР сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар айни замон бо дастгирии БИР дар ҳудуди Тоҷикистон 86 лоиҳа ба маблағи 622,7 млн. доллари ИМА дар самтҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва маориф бо муваффақият амалӣ гардида истодаанд.
Завқизода Завқизода аз ҷониби Бонки исломии рушд дархост намуд, ки маблағгузории Гурӯҳи БИР ба соҳаҳои афзалиятноки кишвар афзун карда шавад, ки он хуш пазируфта шуд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






