Меҳргон ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт иди Меҳргон бо шаҳомати хосса таҷлил шуд. Дар ин идгоҳ гӯшаи сайёҳии мамлакат ташкил гардида, ин ҷашни қадимӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ гардид.
Тибқи ҳадафҳои стратегӣ, дар ибтидо бренди сайёҳии кишвар тавассути амалигардонии чорабиниҳо муайян шуда, бо ворид шудани маълумоти нави иловагӣ аз сайёҳони воқеӣ ва эҳтимолӣ ба он тағйирот дохил карда шуда, ба муаррифӣ намудани мамлакат мусоидат менамояд.
Меҳргон — ҷашни ом, мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод аст. Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ мебошад.
Таҷлили идҳои хос ба кишоварзӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои Сада, Меҳргон, идҳои харбуза ва асал, ангур ва себ диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвари офтобрӯяи мо бештар ҷалб намуда, лаззати меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ҳамеша дар хотири онҳо боқӣ мемонад ва ин ба рушди сайёҳии кишоварзӣ (агротуризм) мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки агротуризм дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳанўз шакли нав ва муосири сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин имрўз дар ҷумҳурии мо низ таваҷҷуҳ ба ин навъи сайёҳӣ афзудааст. Зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд.
Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ дар арафаи идҳои миллии мардумӣ таблиғу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии деҳот ва ташкили хатсайрҳо ба роҳ монда шудааст.
АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳӣ













Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд






