«МЕҲРГОН ОМАД, АЗИЗОН, МЕҲРУБОНИҲО КУНЕД…». 17 октябр дар Душанбе Иди Меҳргон бо шукуҳи хосса таҷлил мегардад

Октябрь 6, 2021 13:51

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо баргузории Фестивали намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Дар ҷашнгоҳ  деҳқонони мамлакат аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи  кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро  бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон менамоянд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат   хӯрокҳои миллӣ  омода гардида, ҳунармандони  мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд. Дар ин рӯз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ дар назар буда, ба иштирокчиён ва кишоварзон туҳфаю ифтихорномаҳо тақдим мегарданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар назар аст, ки дар ҷашни мазкур  намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намоянд.

Бояд гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009  дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи октябр Иди Меҳргон таҷлил карда мешавад.  Имсол ҷашни Меҳргон, ки ба  17 октябр  рост омадааст, дар  шаҳри Душанбе  дар якҷоягӣ бо Фестивали намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ доир мегардад.

Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида,  мисли  ҷашнҳои таърихии  Наврӯз,  Сада,  Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод  маҳсуб мешавад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:  «Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».

Дар Иди Меҳргон мардум рӯйи хон меваҳои тару тоза мегузоштанд, аз қабили шакар — ширин гузаронидани умр, хурмо–серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ, норгил ё чормағз–сахт будани тан ва сермағзӣ, ҷавзи ҳиндӣ–пурборӣ, муруд–хушии зиндагӣ, пуртоқатӣ ва серборӣ, ҷоми тиллоӣ–шаҳомат, покӣ, баракат, анор–серфарзандӣ ва равғани зайтун–хушбӯйӣ,  ки  ҳар кадоме  рамзеро доро будаанд. Меҳргон ҷашни  мардумӣ буда,   маҳбубияти он  аз замонҳои бостон то рўзгори мо  расидааст.

Султонмуроди Одина, ки муаллифи асарҳои зиёди адабӣ, таърихӣ ва публитсистист, оид ба Меҳргон бо меҳр чунин гуфтааст:

Меҳргон омад, азизон, меҳрубониҳо кунед,
Васфи деҳқонро суруда, шеърхониҳо кунед.

 Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 6, 2021 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Раиси шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд
Тавсеаи робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон баррасӣ гардид
Раиси шаҳри Душанбе бо губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шенсии Чин мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Кейко Фурута мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мешавад
Рустами Эмомалӣ бо Кетрин Мери Рассел мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои директорони шабакаи телевизионии «Евронюс» Педро Варгас Сантос Давид мулоқот намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши табибони ҷавони шаҳри Душанбе баргузор шуд
Шаҳри Душанбе то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ мегузарад