МТС оид ба индустриякунонии босуръат чун омили рушди иқтисодиёти инноватсионӣ конфронс доир намуд

Октябрь 29, 2021 09:28

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок  доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар дирӯз, 28 октябр дар мавзӯи «Индустриякунонии босуръат — омили рушди иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конфронси ҷумҳуриявии  илмию амалӣ баргузор  намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу  пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва  коршиносони варзида  ширкат варзиданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ иброз намуд, ки дар шароити муосир барои таъмини рушди ҳар давлат тамоми соҳаҳои иқтисодиёт муҳиманд, вале асос ва пояи онро саноат ташкил медиҳад. Бинобар ин, ҳар қадаре, ки ин бахши муҳими иқтисодиёт пешрафта бошад, ҳамон андоза кафолати ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат,  коркарди  ашёи хоми ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ, баланд гардидани иқтидори содиротии кишвар ва дар маҷмӯъ, рушди иқтисоди миллӣ таъмин мегардад.

«Аммо бо вуҷуди ин пешрафтҳо, ҳоло ҳам мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки ҳалли онҳо кӯшиши дастҷамъона талаб мекунад. Дар доираи санадҳои муҳими стратегӣ, аз қабили «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то соли 2030 бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкории истеҳсолӣ бояд ба 22 дарсад расонида шавад»,-афзуд Х.Зиёӣ.

Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Аз ин рӯ, ноил гардидан ба ин ҳадафи стратегӣ моро водор месозад, ки ҷузъҳои таркибии ин бахши муҳими иқтисодиётро пайваста мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода, рушди минбаъдаи соҳаи саноатро бо роҳу усулҳои нав таъмин намоем. Аз ин ҷост, ки  Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва расидан ба афзалияти муайянгардида тасмим гирифт, ки доир ба ин мавзӯъ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор намояд. Аз ин рӯ, баргузории ин ҳамоиш ва баррасии мавзӯи «Индустриякунонии босуръат- омили рушди иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле  муҳиму мубрам мебошад.

Яке аз масъалаҳои аввалиндараҷае, ки бояд ҳалли худро ёбад ва роҳҳои ҷорӣ намудани технологияҳои нави эҷодшуда, дониши мукаммали технологӣ ва интихоби инноватсияро таъмин намояд, воридкунии инноватсияи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳадафи конфронс аз арзёбии вазъи кунунӣ ва корбурди тавсияҳои амалӣ оид ба рушди равандҳои навсозии технологияи инноватсионӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.

 АКСҲО: МТС

Октябрь 29, 2021 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад