ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст

Октябрь 29, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз 1 дараҷа хунгук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа  хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 дараҷа  хунук ва рӯзона  аз  4 дараҷа хунук то1 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 14+19  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5  дараҷа гарм  ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+ 7  ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0 +5 ва рӯзона  10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  4+6, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 29, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад