Овозхони операи Русия дар Душанбе консерти калони яккахонӣ барпо мекунад

Октябрь 22, 2021 11:19

ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарманди маъруф, овозхони операи Русия, лауреати озмунҳои байналмилалӣ Маргарита Мартинова дар Душанбе консерти яккахонӣ  доир мекунад, хабар медиҳад Sputnik бо истинод ба дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.

 Ба барномаи консертӣ асарҳои машҳури санъати ҷаҳонӣ бо муаллифии Чайковский, Верди, Пуччини, Ардитти, Гуно ва репертуари классикони тоҷик — Шаҳидӣ, Дӯстмуҳаммадов шомиланд.

Консерт дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.

Дар барнома ҳамчунин Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сайфулло Юсупов, устодони саҳна Қурбон Зокиров, Хуршед Охунов, гурӯҳи хорӣ таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Елена Тиллоева ҳунарнамоӣ мекунанд.

Консерт 24 октябр, соати 17:00 баргузор мешавад. Билетҳоро аз кассаи театр ё сомонаи он харидан мумкин аст.

Қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ситораи балети ҷаҳон Фаррух Рӯзиматов аз Тоҷикистон боздид мекунад. Боздиди Ҳунарманди мардумии Русия ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ф.Рузиматов бо даъвати роҳбарияти Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ моҳи декабри соли равон сурат мегирад.

4 декабр дар театр нахустнамоиши балети «Садди оташ» баргузор мешавад, ки оҳангсози он Қудратулло Яҳёев аст. Шоми эҷодии Фаррух Рӯзиматов низ дар назар аст.

                                                      АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 22, 2021 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд