Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон парки мошинҳои низомиро бо гирифтани 30 Т-72В3М навсозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон то охири сол 30 танки мукаммали Т-72В3М гирифта, парки мошинҳои низомии худро навсозӣ мекунад, гуфт сардори ситоди ин қисм, полковник Евгений Охрименко якшанбе, 24 октябр ба хабарнигорон, хабар медиҳад РИА «Новости».
«Дар айни замон пойгоҳи низомӣ бо моделҳои муосири техникаи ҳарбӣ ва махсус муҷаҳҳаз карда мешавад. Қарор аст, то охири сол 30 танки муосири T-72B3M бо хусусияти мукаммали низомӣ барои иваз кардани мошинҳои ҷангии шаклҳои қаблӣ дарёфт карда шавад», — гуфт Охрименко.
Вай гуфт, ки ба наздикӣ ба қисмҳои ҳарбии пойгоҳи 201 якчанд мошинҳои низомии пиёдагарди замонавии БМП-2-и шаклҳои замонавӣ бо навтарин маҷмӯи системаҳои зиддимушакии зенитии «Верба», оташандозҳои реактивии дурпарвози боиқтидор, маҷмӯи мушакии зиддитанкии «Корнет», милтиқи снайперии АСВК-М «Корд» -и дорои қутри 12,7 мм, автоматҳои АК-12, мошинҳои зиреҳпӯши санитарии «Линза», таҷҳизоти хадамоти таъминоти ақибгоҳӣ ва техникӣ ворид карда шуданд.
Сардори ситод зикр кард, ки ҳайати шахсӣ ҳангоми машқҳо дар сатҳҳои гуногун бомуваффақият силоҳҳои навро аз худ мекунад, шаклҳои босамари бурдани амалҳои ҷангиро бо дарназардошти таҷрибаи муноқишаҳои мусаллаҳи муосир амалӣ менамояд.
Ба гуфтаи ӯ, дар машқҳои муштараки СААД «Ҳамкорӣ-2021» ва машқҳои вижаи «Эшелон-2021» ва «Ҷустуҷӯ-2021», ки дар машқгоҳҳои Тоҷикистон «Ҳарб-Майдон» ва «Момирак» амалӣ шуданд, ҳайати Русияро асосан кормандони пойгоҳи низомии 201 ташкил доданд. Зиёда аз 1,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ба амалҳои ҳарбӣ ҷалб карда шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






