Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Боғчаи кӯдаконаи «Бону»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҳамчунин баъд аз таъмиру азнавсозӣ Боғчаи кӯдаконаи “Бону”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва маърифатнокии насли наврас мавриди таҷдид қарор гирифта, ба истифода дода шуд.
Таъмиру навсозии Кӯдакистони “Бону” дар деҳоти Кангурт аз тарафи соҳибкор Акбар Асадулло сурат гирифта, барои таҷдиду муҷаҳҳазгардонии муассисаи томактабӣ зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Кӯдакистон дар деҳоти Кангурт ҳанӯз соли 1985 сохта шуда, давоми солҳои фаъолияташ боре ҳам таъмири ҷиддӣ нашуда буд ва бино дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Акнун дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат кӯдакони ин ҷамоат ҳам соҳиби боғчаи зебо шуданд.
Боғчаи кӯдаконаи “Бону” аз 2 ошёна иборат буда, дар он имконияти фарогирии то 200 кӯдак ба таълим ва тарбия мавҷуд мебошад. Барои тарбияи атфол 5 мураббӣ ҷалб шудаанд.
Давоми корҳои сохтмонӣ ҳамаи ҳуҷраҳои бино аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо рахтҳои наву замонавӣ, мизу ҷевон, бозичаҳо барои кӯдакон ва ошхона бо тамоми лавозимот ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудааст.









Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд






