Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Дӯстӣ ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар яке аз мавзеъҳои мувофиқ барои сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд гардидааст, ба истифода доданд.
Паҳноии матои Парчами давлатӣ 7 метр, дарозии он 14 метр ва баландии сутунпояаш 36 метр буда, бо сифати баланд бунёд шудааст.
Масоҳати майдони Парчами давлатӣ 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он сабзазор карда шудааст, ки дар ин ҷо барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам аст.
Бо мақсади зебою назаррабо гардонидан дар майдони Парчами давлатӣ ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шуда, 1 фаввораи зебо бунёд гардидааст.
Мавриди истифода қарор додани иншооти Парчами давлатӣ нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар саҳни он барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.









ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






