Раиси вилояти Суғд бо соҳибкорони Русия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди вилояти Суғд 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, номгӯи зиёди маҳсулоти истехсолшаванда содирот карда мешавад. Ин нуктаро 18 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Русия, ки барои иштирок дар Ярмаркаи VII байналмилалии савдо «Суғд-2021» ба вилоят омадаанд, баён дошт, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Зикр шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 ба 1 млрд. 607,2 млн. доллари ИМА баробар шуд. Аз вилояти Суғд асосан маъдану консентрант, семент, либосҳои гуногун, маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида, номгӯи зиёди маҳсулот, хусусан маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия ирсол шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шуда, дар ин росто баҳри расидан ба ин ҳадаф ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар авлавият қарор дорад. Дар вилоят барои густариши робитаҳои иқтисодӣ имконияти истифоданашуда зиёд буда, ҷонибҳо метавонанд дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, саноати сабук, коркарди пахтаву мева, чарм, дорусозӣ ва дигар бахшҳо ҳамкориро тақвият бахшанд.
Меҳмонон аз истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ҳадаф аз ташрифашон маҳз шиносоӣ бо имконоти иқтисодии вилояти Суғд аст ва Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021» фурсати хубе барои таҳкимбахшии робитаҳои иқтисодӣ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 19-20 октябр дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдо «Суғд-2021» гузаронида мешавад.
Имрӯз дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» маросими кушодашавии форуми «Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо» баргузор мегардад.
20 октябр меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар маросими ифтитоҳи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021» иштирок карда, бо намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид






