Саидмурод Фаттоҳзода: Дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ шарикии мустаҳками Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зарур аст

Октябрь 28, 2021 14:12

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо бояд ба узви муҳими бахши амният дар минтақа табдил ёбад ва имрӯз дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонии асри 21 шарикии мустаҳками Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зарур аст. Ин нуктаро имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода зимни мулоқот бо Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Маргарета Седерфелт ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки бо  сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, баён дошт, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо шарики муҳими байналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва аз ин рӯ сатҳи ба дастомадаи ҳамкорӣ бо шарикони аврупоӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг баланд арзёбӣ карда мешавад.

Ҷаласаи ҳарсолаи Кумитаи байнипарлумонӣ ба анъана табдил ёфта, гувоҳи густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо маҳсуб мешавад. Аз ҷониби дигар, ин як навъ барномаест, ки дар он масъалаҳои мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд.

Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин иброз намуд, ки “бидуни вазъияти мӯътадил дар минтақа ҳадафҳои моро амалӣ кардан имконнопазир аст. Мо аз вазъи номусоид дар Афғонистони ҳамсоя хеле нигарон ҳастем».

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба вазъи имрӯзаи Афғонистону минтақа ва ояндаи равобити дуҷониба табодули назар намуданд.

Дар хотима изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории парлумонии ҷонибҳо самарабахш ва қадами навбатӣ дар таҳкими муносибатҳои минбаъда хоҳад буд.

Дар мулоқот аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Гулбаҳор Ашурзода, Мавлудахон Мирзозода, Лутфия Абдухолиқзода сухан гуфтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагон

Октябрь 28, 2021 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид