«СЕ ШОҲКОР». Романҳои оламшумули нависандагони машҳури ҷаҳонӣ бо забони тоҷикӣ нашр шуданд
ДУШАНБЕ, 17.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили муаррифии китоби тозанашри «Се шоҳкор», ки романҳои оламшумули нависандагони машҳури ҷаҳонӣ – «Шодравон Маттиа Паскал»-и Луиҷи Пиранделло, «Гетсбии муаззам»-и Френсис Скот Фитсҷералд ва «Гурги даштӣ»-и Ҳерман Ҳессеро дар тарҷумаи шоир, нависанда ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Салими Зарафшонфар дарбар гирифтааст, баргузор гардид. Дар ин маҳфил аҳли илму адаб ва алоқамандону дӯстдорони адабиёти ҷаҳон ширкат доштанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод дар бораи романҳои мазкур ва заҳмату кӯшиши тарҷумон дар баргардони он ба забони тоҷикӣ сухан гуфт. Мавсуф зикр кард, ки ин романҳо аз ҷумлаи асарҳои машҳуртарин ва серхонандатаринеанд, ки ба аксар забонҳои дунё тарҷума шудаанд.
«Тарҷумаи ин романҳо ба забони тоҷикӣ кори сангину душвор аст ва на ба ҳар тарҷумон муяссар мегардад. Аз ин хотир кори Салими Зарфшонфар шоистаи пазироӣ ва қадрдонии хос аст», — гуфт ӯ.
Зикр шуд, ки «Се шоҳкор» яке аз дастовардҳои муҳими тарҷумаи бадеии мо дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.
Дар бораи хусусиятҳои тарҷумаи «Се шоҳкор» ва заҳмату кӯшиши тарҷумон адибону адабиётшиносон Кароматуллоҳи Мирзо, Ато Ҳамдам, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Муртазо Зайниддинзода, Сироҷиддин Икромӣ, Абдураҳмон Абдуманнон ва дигарон изҳори назар карданд.
Дар фарҷом мудири бахши робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи тарҷума ва нашри китоби мавриди назар ва аҳамияти он сухан гуфт.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти тарҷумонии Салими Зарафшонфар чун фаъолияти шоириву носирии ӯ доманадор буда, хонандагони тоҷик аз тарҷумаҳои зиёди ӯ аз адабиёти дунё баҳравар шудаанд. То кунун аз сӯи ин адиби пуркору заҳматкаш асарҳои «Ҷейн Эйр»-и Шарлотта Бронте, «Гора»-и Р. Такур, «Дастпонаи ақиқнигин»-и А. Куприн, «Дӯсти Дилнавоз»-и Г. Д. Мопассан, «Саҳифаи муҳаббат»-и Э. Золя, «Марианна»-и П. Лагер Квист, «Обхези найсон»-и И. С. Тургенев, ҳикояҳои Акутагава, О. Генри ва дигар асарҳои мансуру манзум дар сатҳи баланд тарҷума шудаанд.








Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ густариш меёбад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
Моҳи октябр дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад
Дар ёдгории таърихии замони Кушониён- Сайёд корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ оғоз ёфтанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор бо шаҳомати хос баргузор гардид






