Шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ аз «Амонатбонк» аз 1,5 миллион нафар гузашт

Октябрь 23, 2021 09:35

ДУШАНБЕ, 23.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зарфи нуҳ моҳи соли равон Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» беш аз 56 миллион сомонӣ даромади соф ба даст овардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,2 фоиз зиёд  буда, нақшаи пешбинишуда пурра таъмин гардидааст. Ин нукта зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ зикр гардид.

Дар ҷаласа Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ гуфт, ки сармояи «Амонатбонк» дар 9 моҳи соли  равон  ба 619,8 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,5 фоиз  зиёд мебошад. Бонк дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ 78,1 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмиро  аз рӯи фаъолияти худ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз зиёд  аст.

Сироҷиддин Икромӣ зикр намуд, ки ҷиҳати саҳмгузорӣ баҳри дар 7 соли оянда ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарзҳо дар низоми бонкӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои  миллат дар Паёми навбатӣ бонк барои пурра ҷорӣ намудани амалиёти ғайринақдӣ чораҷӯӣ намуда, дар маҷмӯъ бо 7 888 корхонаву ташкилоти буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162 адад зиёд мебошад.

Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 519 ҳазор нафар расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Сироҷидин Икромӣ гуфт, ки «Амонатбонк» ҳамчун бонки давлатӣ сиёсати иҷтимоии давлатро татбиқ намуда,  дар самти пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ ба аҳолии кишвар хизмат мерасонадд. Аз ин рӯ аз ҳар нафар корманди Бонк талаб карда шуд, ки бо виҷдони пок фаъолият намуда, дар самти рушди иқтисодиёти мамлакат саҳм гузоранд.

Дар ҷаласа доир ба масъалаи ба таври васеъ ба роҳ мондани хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ ва устувор гардонидани мавқеи Бонк ҳамчун бонки давлатӣ дар бозори байнибонкии кишвар, андешидани тадбирҳо дар самти баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, тақвияти фаъолият ҷиҳати такмили савияи касбии кормандони Бонк доир ба истифодаи технологияи рақамӣ, зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, махсусан ба соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ табодули назар карда шуд.

Дар ҷаласа мутахассисони бархе аз филиалҳои «Амонатбонк» барои саҳми босазо гузоштан дар рушди фаъолияти соҳа ва тақвияти мавқеи бонк дар низоми бонкии кишвар бо Ифтихорнома ва Раҳматномаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» қадрдонӣ гардиданд.

 Аксҳо аз Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»

Октябрь 23, 2021 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1187 то 0.1190 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9546 то 10.9800 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд