Соҳибкорони корхонаҳои пешрафтаи кишоварзии Нидерландия барои ҳамкории минбаъда аз Тоҷикистон дидан карданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони тоҷику нидерландӣ, ки аз ширкатҳои пешбари давлатҳои худ намояндагӣ мекунанд, 11 октябр дар як ҳамоиши тиҷоратӣ имконоти ҳамкориро баррасӣ карданд. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар дод.
Ҳайати тиҷоратии иборат аз 11 ширкати нидерландӣ бо ҳадафи роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ва тавсеаи иқтидори кишоварзии Тоҷикистон аз ҷумҳурӣ дидан кард. Роҳбарони ширкатҳои нидерландӣ дар вохӯриҳои B2B бо ҳамтоёни тоҷики худ мулоқот карда, ҳамчунин аз корхонаҳои кишоварзии маҳаллӣ дидан намуданд.
Муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода зимни суханронӣ дар форуми тиҷоратӣ иброз дошт, ки баргузории форум тасдиқи он аст, ки Тоҷикистон омода аст бо Нидерландия дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамкорӣ ба роҳ монад.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Насимҷон Анваров ҳамчунин изҳори итминон кард, ки соҳибкорони ҳарду кишвар барои худ шарикони тиҷоратӣ пайдо карда, содироту воридоти мутақобилаи маҳсулот ва истеҳсоли муштаракро ташкил мекунанд.
“Нидерландия сиёсати худро ҳамчун содиркунандаи асосии озуқаворӣ тағйир медиҳад ва ҳоло ба беҳтар кардани сифат ва дастгирии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар саросари ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар Тоҷикистон барои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Истифодаи технологияҳо ва таҷҳизот аз Нидерландия дар ин ҷо, дар замини ҳосилхези Тоҷикистон ҳосилнокиро ба таври назаррас афзоиш медиҳад ва рақобатпазирии маҳсулоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад”, — изҳор дошт Сафири Нидерландия дар Тоҷикистон Андре Карстенс ва изҳори боварӣ кард, ки сафари ҳайати тиҷоратӣ ба деҳқонони тоҷик кумак хоҳад кард, то бо технологияҳои нидерландӣ шинос шаванд ва имкони рушди муштараки истеҳсоли устувор ва фоидаовари озуқавориро, аз ҷумла ҳангоми гузаштан аз истеҳсолоти анъанавӣ ба истеҳсолоти муосир баррасӣ кунанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати тиҷоратии Нидерландия гурӯҳи корхонаҳои пешқадами кишоварзиро дар бар мегирад, ки соҳаҳои тухмипарварӣ, сабзавоткорӣ, парандапарварӣ, таълиму тарбияи мутахассисон ва тақсимоти ғизоро муаррифӣ мекунад.
Дар ҷараёни форум зикр карда шуд, ки Нидерландия нисбат ба қаламрави Тоҷикистон 3 маротиба хурдтар аст, аммо ба шарофати истифодаи технологияҳои навтарин ва навовариҳо дуввумин содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷаҳон аст. Зиёда аз 70% тухмии сабзавот дар саросари ҷаҳон бевосита ё бавосита аз ҳамин кишвар сарчашма мегирад.
Гармхонаҳо дар Нидерландия, ки нисбат ба минтақаҳои Суғду Хатлон масоҳати васеътарро ишғол мекунанд, усулҳои пешқадами парвариши сабзавот ва гулро бо сарфаи назарраси об, энергия ва ашёи хом истифода мебаранд. Гармхонаи баландтехнологӣ метавонад бо истифода аз 4 литр об як кило помидор истеҳсол кунад, дар ҳоле ки дар беруни бино 60 литр истифода мешавад.
АКС: ПСС ҶТ








Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд






