ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, сешанбе, 292-умин рӯзи соли 2021 аст
19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуданд.
***
6 сол пеш, 19 октябри соли 2015 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи «Қайроққум-Ашт» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли мамлакат ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар карданд.
19 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ.
***
Дар Россия -рӯзи хонандагони литсейҳо.
***
Дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон.
***
Дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшинос.
РӮЙДОДҲО:
19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
***
19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис оғоз гардида, се рӯз идома ёфт.
***
6 сол пеш, 19 октябри соли 2015 дар ноҳияи Шаҳристон Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
***
19 октябри соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзии Лоиҳаи беҳтаргардонии роҳи мошингарди Душанбе- сарҳади Ӯзбекистонро ба тасвиб расонид.
***
Дар ин рӯзи соли 1853 дар Гавая нахустин фабрикаи орд ба кор оғоз намуд.
***
19 октябри соли 1914 хадамоти почтавии амрикоӣ аввалин маротиба барои ҷамъоварӣ ва дастрас намудани мактубҳо аз мошин истифода кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон симпозиуми байналмилалии илмии «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» доир шуд.
***
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми байналмилалӣ – сармоягузорӣ оид ба савдои агросаноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.