Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ин ниҳодро дар кишвари мо баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ин ниҳоди СММ дар кишвари мо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин дар ҷараёни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии Афғонистон таъкид кард, ки кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бевосита ба мардуми Афғонистон, ба вижа аҳолии вилояти Панҷшер расонида шавад.
АКС ВКХ ҶТ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






