Тоҷикистон ва Эрон роҳандозии ҳамкории беҳтарро дар амалисозии лоиҳаҳои муштарак зикр намуданд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири неруи Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбари Меҳробиён дидору гуфтугӯ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими равобити дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла амалӣ намудани тавофуқоти ҳосилшуда зимни мулоқоти сатҳи олии ҷонибҳо дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон (7-8 июни 2021, Душанбе) табодули назар намуда, мавҷудияти зарфияту имконот ҷиҳати роҳандозии ҳамкории беҳтар ва баҳрабардории мутақобили бештар аз лоиҳаҳои муштаракро зикр намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 27 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Теҳрон дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон+Русия иштирок ва суханронӣ намуд.
АКС: ВКХ ҶТ








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






