То оғози Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон чор рӯзи дигар боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 октябр то 6 ноябр дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон баргузор мешавад, хабар дод намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Дар чемпионати мазкур 650 нафар варзишгарон аз 105 давлати дунё ширкат мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 11-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо 7 варзишгари шинохта намояндагӣ мекунанд, ки инҳо Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Баҳодур Усмонов (63.5кг), Саидикром Амонов (67кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Шаббос Негматуллоев (80кг), Парвиз Каримов (92кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (+92кг) мебошанд.
Варзишгарони тоҷикро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов сабқатҳои ҷаҳониро ҳакамӣ менамояд.
Хотиррасон мешавем, ки бори аввал дар таърихи бокси ҷаҳон чемпионат аз рӯи 13 вазн баргузор мешавад. Инчунин ба ғолибон ва ҷоизадорон ҷоизапулии назаррас тақдим мегардад. Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс-2021 2,6 миллион доллар муқаррар шудааст. Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 100 000 доллар, ба барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар тақдим хоҳад шуд.
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 3 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Абдусалом Ҳасанов соли 2003 дар шаҳри Бангкоки Тайланд дар вазни 57кг, Шералӣ Достиев соли 2005 дар шаҳри Мйаняни Чин дар вазни 48кг ва Анвар Юнусов соли 2011 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни 56кг сазовори ин ҷоизаҳо шуданд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






