Вазорати корҳои дохилӣ барои узвият ба Шӯрои ҷамъиятӣ озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД барои 3 соли минбаъда озмун эълон мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Чунин шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД), РВКД дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт ва қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб таъсис дода мешаванд.
Барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ шаҳрвандон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони ҳуқуқӣ метавонанд номзадии худро пешбарӣ ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 10 ноябри соли ҷорӣ муайян шудааст.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти иловагиро вобаста ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ аз сомонаи интернетии Вазорати корҳои дохилӣ (www.vkd.tj) дарёфт намоянд.
АКС: ВКД ҶТ








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






