Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз татбиқи муваффақонаи ислоҳоти маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ хабар дод

Октябрь 19, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ “Ховар”/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи муваффақонаи ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар 30 соли истиқлолият буҷаи соҳаи тандурустӣ аз 956 ҳазор сомонӣ ба 2 миллиарду 350 миллиону 369 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 1992  2458 маротиба зиёд  аст.

«Буҷаи соҳаи тандурустӣ соли 2021 нисбат ба солҳои 2001 ва 2011 мутаносибан 105,8 ва 4 маротиба афзоиш ёфтааст. Маблағгузории соҳа нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 2001 ва 2011 мутаносибан 2,78 ва 1,25 маротиба афзоиш ёфт. Хароҷот ба ҳар сари аҳолӣ соли 2021  242,1 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба солҳои 2001 ва 2011 мутаносибан 55 ва 3 маротиба зиёдтар аст», — иттилоъ додааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат баҳри ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими соҳа, ба монанди Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2015, Нақшаи кӯтоҳмуддати байнисоҳавӣ барои солҳои 2006-2008 оид ба татбиқи «Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2015», ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои Кумаки аввалияи  тиббию санитарӣ, Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки тиббию санитарӣ, Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ, Дастурамали нави ягона ҷиҳати пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, Тартиби муқаррар намудани нархи хизматрасонии  тиббие, ки аз тарафи муассисаҳои хусусии тиббӣ расонида мешавад, Қонун «Дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ», “Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти минбаъдаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018» ва “Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» қабул шуданд.

Мақсад аз  ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ афзоиши самарабахшии системаи тандурустӣ ҷиҳати таъмини дастрасии умумӣ дар доираи барномаи кафолатҳои давлатӣ, беҳбуди ҳимояи аҳолӣ, махсусан гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ аз хавфҳои молиявӣ, беҳбудии дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, истифодаи судманд ва оқилонаи захираҳои соҳаи тандурустӣ ва таъмини омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ мебошад.

АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Октябрь 19, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад