2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО шомил гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябри 2021 пас аз баррасии номинатсияҳои мазкур аз ҷониби Кумитаи арзёбии ЮНЕСКО зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон/Раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар чаласаи 41-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 2500 солагии Шаҳраки кадимаи Тахти Сангин ва номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон — 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Хотиррасон мекунем, ки 17 апрел соли 2020 дар Иҷлосияи 221-уми Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, то номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 2500 солагии Шаҳраки кадимаи Тахти Сангин ва номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи 1050 солагии Абурайҳон Берунӣ ба руйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО шомил гарданд.
Дар ҳошияи ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле, Президенти Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО Агапито Мба Мокуй, Ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ Шамила Наир-Бедуэлле ва Директори Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и Фаронса хонум Софӣ Макариу анҷом ёфт.

ДАР АКС: нигораҳо аз Тахти Сангин, ки бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё» ё «Ҷавоҳироти Окс» маълум аст.
Қобили зикр аст, ки 11 ноябри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж суханронӣ намуд.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамоиши мазкур барои омӯзиш, табодули таҷриба ва ҳамоҳангии талошу эҳтимоми муштараки ЮНЕСКО ва кишварҳои аъзои он ҷиҳати пешбурди ҳадафу вазифаҳои марбут ба ҳифзи арзишҳои миллӣ – фарҳангу забон, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ, расму оини аҷдодӣ, рушди илму маориф ҳамчун платформаи муфид хизмат хоҳад кард.
Ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж то санаи 24 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
АКСҲО: ВКХ ҶТ/АМИТ «Ховар»








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






