7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. «Барномаи давлатии рушди театри Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» таҳия мегардад

Ноябрь 7, 2021 09:03

ДУШАНБЕ, 07.11.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола 7 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. 20 марти соли 2018 дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «санъати театрӣ метавонад таъриху тамаддун, арзишҳои миллӣ ва ҳаёти муосирони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд».Вазорати фарҳанги мамлакат нақша дорад, ки соли 2022 «Барномаи давлатии рушди театри  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028»-ро  ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Ин барнома дар айни замон мавриди таҳия қарор дорад.

Таърихи таҷлили Рӯзи театри тоҷик

Расо 92 сол мешавад, ки театри тоҷик фаъолияти пурсамар дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ,  театри тоҷик бори аввал 7 ноябри соли 1929 ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутиро гузоштанд. Шурӯъ аз ҳамон сол 7 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад.

Бинои ин театр дар «Хонаи деҳқон», собиқ бинои Театри русии ба номи В. Маяковский ҷойгир буд. Аввалин  намоиши калони вай драмаи «Ду коммунист» ном дошт. Дар он солҳо ташкили театр ва пайдо намудани ҳунармандон кори осон набуд. Ҳайати театр аз ҳисоби ҳунармандони театрҳои Бухорову Самарқанд ва ҳаваскорон оҳиста-оҳиста зиёд мешуд. Дар саргаҳи поягузорони театри тоҷик коргардони маъруфи рус Ефим Исаевич Мителман қарор дошт, ки саҳмаш дар рушди театр ва ҷалби мутахассисони соҳа бузург аст. Ҳамроҳи ӯ коргардонҳои дигар низ барои таҳияи спектаклҳо ва омода сохтани ҳунарпешагони театр талош мекарданд.

Дар ин давра спектаклҳои драматургони маъруфи ҷаҳон Софокл, Шекспир, Шиллер, Грибоедов, Чехов ва дигарон рӯйи саҳнаи театри тоҷик  омаданд. Спектаклҳои «Отелло», «Эдип», «Шоҳ Лир», «Ромео ва Ҷулетта», «Дод аз дасти ақл», «Роҳзанҳо», «Хизматгори ду хоҷа», «Амаки Ваня» ва ғайра маъруфияту маҳбубияти вижа пайдо намуда буданд.

Театр бо ҳаёти одамон зич алоқаманд аст, набзи зиндагӣ ва рўҳияи мардумро ифода мекунад. Миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз‚ пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Имрӯз театри тоҷик чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат бо намоишҳои офаридааш маҳбубияти хосса касб намудааст.

Театрҳои мамлакат дар ҳоли рушду инкишоф ва таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ қарор доранд.

 Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Мирзоолим Саидов зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ фаъолият дорад, аз ин теъдод 6 театр дар шаҳри Душанбе, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон, 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 4 театри касбӣ: Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавӣ дар ноҳияи Данғара, Театри тамошобини наврас дар шаҳри Хуҷанд, Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт ва Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» –и шаҳри Бохтар таъсис ёфтанд.

Ҳамчунин биноҳои нави Театри мусиқӣ–мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ба истифода дода шуданд. Ҳоло сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский дар шаҳри Душанбе идома дорад.

Ҳамаи ин далелҳо бозгӯи онанд‚ ки театрҳои мамлакат бо шарофати ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли рушду инкишоф ва таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ қарор доранд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар айни замон дар фаъолияти театрҳо баъзе камбудиҳо ҷой доранд, ки ин норасоии коргардонҳои касбӣ ва дигар мушкилот мебошад. Аз ин рӯ Вазорати фарҳанги мамлакат барои бартараф намудани ин норасоиҳо якчанд ташаббусҳоро рӯи даст мегирад. Яке аз ин ташаббусҳо он аст, ки чанд соли охир тибқи квотаҳо кадрҳои ҷавон барои омӯзиш ва таҷриба андӯхтан ба хориҷи мамлакат барои таҳсил равона карда мешаванд, то баъди омадан заминаи театрҳои мамлакатро пурра гардонанд.

Вазорати фарҳанги  мамлакат солҳои охир иқдоми дигареро амалӣ намуда истодааст, ки ин аз ҳисоби кормандони театрҳои мамлакат барои шинос шудан бо таҷрибаи театрҳои хориҷӣ ва табодули таҷриба ба хориҷа равон кардани ҳунармандон мебошад. Ҳамчунин аз кишварҳои дигар устодони соҳибкасбу пуртаҷриба барои омӯзиш додани ҳунармандони ҷавон ба мамлакат даъват карда мешаванд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат «Барномаи давлатии рушди театр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» амалӣ гардид, ки дар пайи амалӣ шудани он бархе камбудиҳо бартараф гардиданд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон мебошад. Он дар тамоми давру замонҳо таҷассумгари ҳувият ва ормонҳои миллӣ мебошад ва аз ин хотир‚ ҳар як ҳунарманд, ҳар як коргардону драматург бояд талош варзад‚ ки арзишҳои волои маънавии моро ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намояд ва ҳамчун сарвати бебаҳо барои наслҳои оянда ба мерос гузорад.

Аҳли театри кишварро зарур аст‚ ки пайваста дар сафи пеши тарғибу ташвиқ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта‚ интихобу муҳокимаҳои асарҳои драмавӣ вобаста ба равандҳои мубрами ҳаёт, воқеаву рӯйдодҳои даврони истиқлолият, масъалаҳои маънавию ахлоқиро ба миён гузоранд. Ҳамчунин роҳбарони театрҳо бояд барои вусъати ҳамкорӣ бо иттифоқҳои эҷодӣ ва адибон ҷиҳати эҷоди асарҳои драмавии мувофиқ ба завқи тамошобини имрӯза тадбирҳо андешанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 7, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт