Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Конфронси генералии ЮНЕСКО иштирок дорад

Ноябрь 10, 2021 10:23

ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж иштирок дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Президенти Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Ҷамолиддин Убайдулло ва котиби  масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон шомиланд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канорӣ дар ҳошияи он бо инобати таҷлили 75-умин солгарди таъсиси ЮНЕСКО, новобаста аз давраи мушкили марбут ба ҳамагирии сирояти коронавирус дар ҷаҳон ва минтақа беш аз 25 сарони давлату ҳукуматҳо ва дигар намояндагони баландмақоми кишварҳои ҷаҳон ширкат хоҳанд варзид.

9 ноябр, дар рӯзи аввали Конфронси генералии навбатӣ ифтитоҳи он аз ҷониби Президенти муваққатии Конфронс (Президенти иҷлоси 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷаноби Аҳмет Алтай Ҷенгизер) сурат гирифта, Президенти  Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ҷаноби Агапито Мба Мокуй ва Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле дар аввали иҷлос суханронӣ карданд. Сипас, Намояндаи доимии Бразилия дар ЮНЕСКО ҷаноби Сантияго Ирасабал Мурао ба мансаби Президенти 41-умин Конфронси генералӣ интихоб гардида, инчунин интихоботи ноибҳои Президенти нави Конфронси генералии ЮНЕСКО, раисон, ноибони раис ва гузоришгарони комиссияҳо ва кумитаҳо доир карда шуданд. Дар рафти ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи Мудири кулли ЮНЕСКО дар бораи фаъолияти Созмон дар солҳои 2018-2020 шунида шуд.

Бояд зикр кард, ки нимаи дуюми рӯзи 9 ноябр дар натиҷаи интихобот хонум Одрӣ Азуле ба ҳайси Мудири кулли ЮНЕСКО барои муҳлати дуюми ваколаташ таъйин гардида, дар пайи интихобот Президенти Шӯрои иҷроия ва Мудири кулли ЮНЕСКО ба мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ ҷиҳати ироаи суханрониҳои роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзо ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж то санаи 24 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Ноябрь 10, 2021 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Фаронса-Осиёи Марказии Сенати Фаронса мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ шуд
Соли 2025 дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон 128 санади байналмилалӣ ба имзо расид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ду санади таърихӣ ба имзо расид
Консули генералии Тоҷикистон бо губернатори вилояти Новосибирск мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони байналмилалии муҳоҷират баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ баррасӣ шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Форуми ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуданд