Академик Фарҳод Раҳимӣ дар Анҷумани III олимони ИДМ дар Минск доир ба дастовардҳои илми муосир сухан мекунад

Ноябрь 20, 2021 09:17

ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 ноябр дар Минск Форуми III олимони кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад. Дар ин бора зимни  нишасти хабарӣ дар пойтахти Беларус муовини директори департаменти ҳамкории башардӯстона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Манучеҳр Ҳоҷизода хабар дод.

Ба зикри Манучеҳр Ҳоҷизода, Анҷумани олимон дар нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2021-2022 пешбинӣ шудааст. Ин нақша дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ  моҳи ноябри соли гузашта ба  тасвиб расида буд. Дар назар аст, ки дар Форум беш аз 150 нафар роҳбарон ва олимони варзидаи академияҳои илмҳо ва марказҳои бузурги илмию тадқиқотӣ, ташкилоти таълимии давлатҳои аъзои Иттиҳод, роҳбарият ва масъулини Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» маълум шуд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 11 нафар бо роҳбарии  президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар форум иштирок мекунанд. Фарҳод Раҳимӣ  дар бораи дастовардҳои илми муосир сухан мекунад. Ба ҳайати намояндагони мамлакати мо ҳамчунин ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асозода, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илм ва технология Маъмур Мирвайсов ва дигарон шомиланд. Дар доираи форум ҳамчунин баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои узви ИДМ ва Конгресси шӯроҳои илмии Ассотсиатсияи байналмилалии Академияҳои илмҳо дар назар аст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2021 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад