Академик Фарҳод Раҳимӣ дар Анҷумани III олимони ИДМ дар Минск доир ба дастовардҳои илми муосир сухан мекунад
ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 ноябр дар Минск Форуми III олимони кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ дар пойтахти Беларус муовини директори департаменти ҳамкории башардӯстона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Манучеҳр Ҳоҷизода хабар дод.
Ба зикри Манучеҳр Ҳоҷизода, Анҷумани олимон дар нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2021-2022 пешбинӣ шудааст. Ин нақша дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ моҳи ноябри соли гузашта ба тасвиб расида буд. Дар назар аст, ки дар Форум беш аз 150 нафар роҳбарон ва олимони варзидаи академияҳои илмҳо ва марказҳои бузурги илмию тадқиқотӣ, ташкилоти таълимии давлатҳои аъзои Иттиҳод, роҳбарият ва масъулини Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» маълум шуд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 11 нафар бо роҳбарии президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар форум иштирок мекунанд. Фарҳод Раҳимӣ дар бораи дастовардҳои илми муосир сухан мекунад. Ба ҳайати намояндагони мамлакати мо ҳамчунин ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асозода, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илм ва технология Маъмур Мирвайсов ва дигарон шомиланд. Дар доираи форум ҳамчунин баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои узви ИДМ ва Конгресси шӯроҳои илмии Ассотсиатсияи байналмилалии Академияҳои илмҳо дар назар аст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






