Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва Табрезшоҳ Парпишоевро дар Душанбе бо шукӯҳи хоса пешвоз гирифтанд

Ноябрь 16, 2021 09:34

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими пешвозгирии варзишгарони тоҷик -Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва Табрезшоҳ Парпишоев   бо шукӯҳу шаҳомати хоса сурат гирифта, ҷоизадорони мусобиқаи ҷаҳонии самбо  аз тарафи кумитаҳои дахлдори соҳаи варзиш, дӯстон, пайвандон ва дӯстдорони варзиш самимона истиқбол гирифта шуданд, хабар дод ба  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.

Варзишгарон ва сармураббиён ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ёрӣ ва дастгирӣ дар тайёр кардани дастаи мунтахаби Тоҷикистон   ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо изҳори миннатдорӣ намуданд. Масъулин варзишгаронро бо ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ табрик гуфта, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии варзишгарон тамоми  кӯшишу талошро ба харҷ хоҳад дод, то онҳо минбаъд низ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Тошканд  Ҷумҳурии Тоҷикистонро 12 варзишгар намояндагӣ карданд. Варзишгарони тоҷик   тавонистанд соҳиби 3 медал – як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ гарданд. Акмалиддин Каримов, барандаи чаҳор медали нуқраи мусобиқоти ҷаҳонии самбо дар вазни то 58 кило пас аз се пирӯзӣ бар варзишгарони давлатҳои Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Акмалиддин дар марҳилаи ниҳоӣ бар ҳарифи русаш Саян Ҳертек пирӯз шуда, медали тилло гирифт. Ҳамин тавр Акмалиддин Каримов орзуи 20-солаи варзишии худро амалӣ намуд.

Паҳлавони дигари тоҷик, собиқ чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Хушқадам Хусравов дар вазни то 64 кг  то ба марҳилаи  ниҳоӣ баромадан бар рақибонаш аз  Қирғизистон, Амрико, Италия ва Русия пирӯз шуд. Дар вохӯрии ниҳоӣ аз рақиби қазоқаш Рахат Жананиет шикаст хӯрда, барандаи медали нуқра шуд.

Табрезшо Парпишоев дар вазни то 79 кило аз намуди самбои муҳорибавӣ ду рақиби худро аз Марокаш ва Узбекистон шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимниҳоӣ Табрезшо аз Асланбек Кодзаев шикаст хӯрда, медали биринҷиро соҳиб шуд.

Ноябрь 16, 2021 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд