«Акмалиддин Каримов: «Пирӯзиамро ба Президенти маҳбубамон ва мардуми сарбаланди кишвар эҳдо мекунам!», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 18.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расониданд. Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин хусус.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар шумораи №230 (24 337) чоршанбе, 17 ноябри соли 2021 вобаста ба Рӯзи Президент, ки дар Тоҷикистон 16 ноябр таҷлил мегардад, мақолаҳоро таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон. Нақши шахсият дар ҷаҳонишавии нуфузи миллат», «Акмалиддин Каримов: «Пирӯзиамро ба Президенти маҳбубамон ва мардуми сарбаланди кишвар эҳдо мекунам!», «Пешвои миллат ва эҳёи оинҳои бостонӣ», «Ҷомеа. Вақте Сарвари давлат ҷавонпарвар аст…» ва «Бузургдошти Рӯзи Президент арзишҳои баланди миллӣ ва шаҳрвандӣ дорад» ба нашр расонидааст. Дар шумораи мазкур зери рубрикаҳои «Рӯйдодҳои илмӣ», «Варзиш», «Ҷаҳон», «Ҷаҳон дар як сатр» ва «Тоҷикистон» хабарҳо аз дохил ва хориҷи мамлакат манзур гардидаанд.
Дар мақолаи «Акмалиддин Каримов: «Пирӯзиамро ба Президенти маҳбубамон ва мардуми сарбаланди кишвар эҳдо мекунам!» Акмалиддин Каримови 31-сола, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо (12 – 14 ноябр, Тошканд, Ӯзбекистон) ба ҳама рақибонаш пирӯз шуда, қаҳрамони ҷаҳон гардид чунин гуфтааст: “Дар ин рӯзҳои фараҳ мо, халқи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бешак, ғолибияти ҳар варзишгар дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ худ муаррифии номи миллату давлат аст. Ғалабаи ман туҳфаи арзандаест барои ин ҷашни фараҳ. Пирӯзиамро ба Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланди кишвари эҳдо мекунам”.
Ҳамчунин дар шумораи №229 (24 336) ин рӯзнома 16 ноябр таҳти унвони «Рӯзи Президент рӯзи ифтихори миллист!» матолиби ҷолиб оид ба фаъолияту дастовардҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп гардидаанд.
Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» дар шумораи рӯзи сешанбе, 16 ноябри соли равон таҳти унвони «Ниҳолшинонӣ дар майдони «Истиқлол» бо рафти корҳои сохтмонӣ» аз ҷараёни иштироки Сарвари давлат зимни корҳои сохтмонӣ ва шинонидани дарахтони нодир дар ин макон мавод ба нашр расонидааст. Инчунин дар ин шумора таҳти унвони «Рӯзи Президент ҷашни бузурги умумимиллист», «Пешвои миллат- наҷотбахши миллат», «Истиқлолиятро гиромӣ дорему ҳифз кунем», «Аҳамияти таърихии иҷлосияи тақдирсоз», «Гулфишони баҳори мо омад» ва «Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавод нашр гардидаанд.
Дар ҳамин шумора хонандагон имкон доранд мусоҳибаҳои рӯзноманигори ин нашрияро доир ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода таҳти унвони «Рӯзи Президент арҷгузорӣ ба институти Президентӣ аст», мусоҳиба бо раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова таҳти унвони «Ба зимистони сарди халқ дамид мисли баҳор» ва дар ин робита бо нависанда Садриддин Ҳасанзода таҳти унвони «Ватанро рӯ ба рӯ бо бахт карданд» мутолиа намоянд.
Нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» дар шумораи №45 (20326), чоршанбе, 17 ноябри соли 2021 матолиб оид ба иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ниҳолшинонӣ дар боғи «Истиқлол», иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ва дигар хабарҳои дохил ва хориҷи мамлакатро нашр намудааст.
Дар ин шумора таҳти унвони «XVI сессия Верховного Совета- судьбоносная дата таджикской государственности», «Две важные даты периода независимости», «За 30 лет независимости было создано 4,8 миллиона рабочих мест», «Х.Хусейнзода: Кониституция Таджикистана столетиями будет служить развитию общества», «Глобальные инициативы Лидера нации в рамках ООН» ва дигар маводу гузоришҳо ба чоп расидаанд.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ — «Минбари халқ» дар шумораи №46 (1340), чоршанбе, 17 ноябр чун дигар рӯзномаҳои ин ҳафта дар робита ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастовард ва рушди давлатҳои миллии тоҷикон мавод нашр намудааст.
Дар ин шумора таҳти унвони «Рӯзи Президент- рамзи эҳтиром ва садоқати миллӣ», «Меъмори Тоҷикистони нав», «Поягузори Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», «Ниҳоди Президентӣ- кафолати рушди давлатдории миллӣ», «Президент- бунёдгузори ҷомеаи муосир» ва дигар маводи ҷолибу хонданӣ ба нашр расидаанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид






