Алишер Мирзонабот: Ниёгони тоҷикон ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд

Ноябрь 24, 2021 15:14

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот имрӯз дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор карда шуд. Мавсуф иброз дошт, ки «Парчами давлатии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд​ ва он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт».

«Ҳамчунин метавон аз парчами Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо​ дар​ ​ роҳи​ ҳифзи​ ​ Ватану​ халқи худ мебошад. Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он​ мо дар роҳи ободии диёрамон ба дастовардҳои рӯзафзун​ ноил хоҳем гашт»,-гуфт А. Мирзонабот.

АКСҲО: МИҲД-и ВМКБ

Ноябрь 24, 2021 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Ҳамкории илмию таҳлилии Тоҷикистон ва Олмон густариш меёбад
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд