ҲАМБАСТАГИИ ОБ ВА ИҚЛИМ. Зарурати онро Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд эълом дошт. Коршиноси АМИТ «Ховар» шарҳ медиҳад, ки ин чӣ маънӣ дорад

Ноябрь 3, 2021 12:58

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳамкорӣ бо СММ ва кишварҳои шарик дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии Даҳсолаи об баргузор мешавад. Конференсияи Душанбе як рукни аслии раванди омодагӣ ба баррасии миёнамуҳлати Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 хоҳад буд, ки таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад. Дар ин бора дирӯз Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии онлайн дар ҷаласаи Шӯрои сатҳи баланди СММ оид ба об иброз намуданд.

«Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод, то дар рӯзномаи Конференсияи СММ робитаи обу иқлим низ возеҳ ифода карда шавад», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Нексус (лотинӣ nexus -«пайванд, ҳамбастагӣ») дар ин замина маънои иртиботи об, энергия ва амнияти ғизоиро дорад. Аз бисёр ҳуҷҷатҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид бармеояд, ки амнияти об, амнияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ аз бисёр ҷиҳат ба ҳамдигар алоқаманданд, яъне амал дар ин ё он соҳаи мушаххас аксар вақт метавонад ба як ё ҳардуи дигар соҳаҳо таъсир расонад. Дар ин бора муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи дирӯзи Панели сатҳи баланд мисолҳои мушаххас оварданд.

«Дар даҳсолаҳои охир мо ҳарчӣ бештар тағйироти назаррасро дар давраи иқлим дар минтақаамон мушоҳида карда истодаем», — гуфтанд Сарвари давлат. «Зимистони мо сарду дарозтар, тобистони мо гармтару хушктар шуд. Дар робита ба ин, айни замон дар минтақа афзоиши назарраси талабот ба неруи барқ ​​ва захираҳои об мушоҳида мешавад».

Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди Сарвари давлат, иқтидорҳои мавҷуда дар минтақа чӣ аз ҷиҳати тавлиди неруи барқ ​​ва чӣ аз ҷиҳати танзими захираҳои об, имкони қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиётро надоранд. Пешвои миллат соли гузашта мисол оварданд, ки дар тобистон Тоҷикистон маҷбур шуд содироти неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя муваққатан қатъ кунад.

Дар ҳамин ҳол, кишварҳои минтақа дар авҷи мавсими обёрӣ бо камбуди об рӯбарӯ шуданд. Зимистони бармаҳал, сард ва тӯлонии имсола, ба зикри  Президенти мамлакат, мушкилоти наверо ба бор овард.

«Илова бар ин, хушксолии шадиди имсол дар баъзе кишварҳои минтақа боиси марги зиёди чорво ва талафоти ҳосил гардид. Аз ин рӯ, мо дар чаҳорчӯби раёсати худ дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал масъалаи таъсири тағйири иқлимро дар авлавияти аввалиндараҷа қарор медиҳем», — тазаккур доданд Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон мӯътақиданд, ки дар шароити имрӯза маҳз равиши ҳамбастагӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти ҷорӣ, рушди иқтисоди “сабз” ва рушди устувор заминаи солим гузорад.

«Равиши нексус барои тарҳрезии оянда ва идоракунии маҷмӯӣ дар системаҳои истифодаи об, гидроэнергетика ва кишоварзӣ зарур дониста мешавад», — мегӯяд коршиноси АМИТ «Ховар», доктори илмҳои ҷуғрофӣ, профессор Холназар Муҳаббатов (ДАР АКС). «Барои муайян кардани синергетикии эҳтимолӣ (таҳкими таъсири мутақобилаи ду ё зиёда омилҳо. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар») ва муайян кардани низоъҳои муҳиме, ки бояд ҳал шаванд, равиши робита хеле муҳим аст».

Ба андешаи ӯ, амнияти об дар Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ҳамчун “дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошт” муайян шудааст. Аммо ин тамоми таърифи амнияти об нест. Мавҷудият ва дастрасӣ ба об барои дигар мақсадҳои инсонӣ ва экосистема низ аз нуқтаи назари робита хеле муҳим аст. Тибқи санадҳои СММ, амнияти энергетикӣ ҳамчун “дастрасӣ ба хидматрасониҳои тоза, боэътимод ва дастрасии энергетикӣ барои пухтупаз ва гармидиҳӣ, рӯшноӣ, иртибот ва истифодаи саноатӣ” муайян карда мешавад. Ва амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (БМТ ФАО) ҳамчун “додан ва дастрасӣ ба миқдори кофии ғизои бехатар ва серғизо барои қонеъ кардани ниёзҳои парҳезӣ ва афзалияти парҳезӣ барои ҳаёти фаъол ва солим» муайян карда шудааст. Зимнан, ғизои мувофиқ низ ҳамчун ҳуқуқи инсон муайян шудааст. Яъне, амният на танҳо дастрасии миёна (масалан, солона)-и захираҳо аст, балки он бояд ноустуворӣ ва ҳолатҳои шадид, аз қабили хушксолӣ ё зарбаи нархҳо ва инчунин устувории равонии табақаи камбизоати аҳолиро дар бар гирад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 3, 2021 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Барномаи стипендияи Ҷопон дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ шуд
Дар Тошканд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд баргузор шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд