«Ҳамоиши СҲШ 2021: натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди фаъолияти созмон». Таҳти ин унвон дар Душанбе чорабинӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва муҳокимаи идеяҳои фаъолияти минбаъда дар доираи раёсати Ҷумҳурии Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Узбекистон Қобилҷон Собиров ба Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташриф овард, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон.
Қобилҷон Собиров аз Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дидан намуда, зимнан дар кори мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳамоиши СҲШ 2021: натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди фаъолияти созмон» иштирок ва сухан кард.
Дар рафти ҳамоиш директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, Котиби генералии СҲШ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Владимир Норов, (тариқи онлайн) ҳамоҳангсози миллии СҲШ дар Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода, собиқ Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов,, Котиби генералии Кумитаи Чин оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ Чжен Вэй, директори Маркази таҳқиқоти Осиёи Шарқӣ ва СҲШ Александр Лукин ва директори эҷодии платформаҳои ҷавонони кишварҳои СҲШ Алина Жолобова тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва сухан карданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш натиҷагирӣ аз фаъолияти пурсамари Тоҷикистон дар доираи раёсат ва ташаббусҳои он барои рушди минбаъда мебошад. Дар кори он шарикони Марказ ва ҳамкорони дохиливу хориҷӣ атрофи масоили ҳамкорӣ дар доираи СҲШ, натиҷагирӣ аз раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони мазкур ва банақшагирии фаъолият ва ҳамкории судманд дар соли минбаъда сухан намуданд.
Аз ҷумла, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки Созмони ҳамкории Шанхай яке аз сохторҳои нодири минтақавӣ буда, борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи ин созмони байналмилалии минтақавӣ ва иштирокчии фаъоли он буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад. Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, пайгирии манфиатҳои кишвар дар доираи он ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзо имкон медиҳад, ки ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ самаранок амалӣ карда шаванд ва рушди иқтисодӣ ва ояндаи дурахшон барои мардуми ватанамон таъмин гардад.
Директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Узбекистон Қобилҷон Собиров зикр кард, ки барои муаррифии мероси бойи адабии ҳар давлати узв маҷмӯи китобҳо бо ҷамъоварии беҳтарин шеъру мақолаву афсонаҳоро Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Узбекистон ба табъ расонид. Китобҳои мазкурро Директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Узбекистон барои мутолиа ба Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон тақдим намуд.
Ҳамин тавр, дар ҷараёни ҳамоиш ҳамаи иштирокчиён маърӯза намуда, ҷиҳати густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва муҳокимаи идеяҳои фаъолияти минбаъда дар доираи ҳамкории СҲШ мубодилаи афкор сурат гирифт.
АКСҲО аз Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба узвияти Донишгоҳи СҲШ пазируфта шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд






