Аз номи Сергей Лебедев барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои ИДМ дар Душанбе номаи сипос расид

Ноябрь 15, 2021 11:40

ДУШАНБЕ, 15.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз номи раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, котиби масъул Сергей Лебедев барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ, ки 28-29 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, номаи сипос ворид гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар матни нома ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмоннавозии самимӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Анҷумани мазкур миннатдорӣ изҳор мешавад.

«Таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ  бахшида ба 30-солагии ИДМ дар таҳкими иқтидори низоми маорифи миллӣ ҷиҳати таҳияи роҳҳои муштараки рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва мустаҳкам намудани фазои умумии таълимии Иттиҳод муҳим аст.

Дар ин росто маҳорати баланди касбӣ ва муносибати масъулиятшиносиро ба кори кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама вазир, узви Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ Муҳаммадюсуф Имомзода, инчунин тамоми кормандони муассисаҳои таълимии кишвар баён менамоем.

Бовар дорем, ки натиҷаҳои Анҷумани баргузоргардида бо ғояҳои нав ва таклифҳои умедбахши худ ба ҳамкории самарабахш дар соҳаи маориф дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни тоза мебахшад.

Мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд ба нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми Иттиҳод умедворем»,- омадааст дар нома.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2021 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид