«БА ДУШАНБЕ ПАРВОЗ КАРДА, БА ҲАЙРАТ АФТОДАМ, КИ ОДАМОН ДАР ОН ҶО ЧӢ ГУНА КОР МЕКУНАНД». Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суханони сарвари Беларусро дар бораи сафари охиринаш ба Тоҷикистон бетаваҷҷуҳ нагузоштанд
ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 17 сентябри соли 2021 Беларус бори нахуст Рӯзи ваҳдати миллӣ — иди ҳамбастагии мардуми худро таҷлил намуд. Ин ид ба воқеаҳои соли 1939, ки он замон Беларус заминҳои ғарбии худро бозпас гирифт, рабт дорад. Иди нави давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Беларус № 206 (аз 7 июни соли 2021) таъсис дода шудааст, ба чорабинии ҳарсола табдил хоҳад ёфт.
Ҳамоишҳои идона дар саросари мамлакат баргузор гардиданд. Дар чаҳорчӯби он дар Минск форуми неруҳои парвар бо номи «Рамзи ваҳдат» доир шуд, ки бо иштироки Сарвари давлат Александр Лукашенко сурат гирифт.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суханони сарвари Беларусро дар бораи Тоҷикистон, ки ӯ зимни суханронӣ дар ин форум изҳор дошт, бетаваҷҷуҳ нагузоштанд.
«Ман ба ин ҳамоиш, тавре мегӯянд, аз разм ба базм* (с корабля на бал*) омадам, — гуфт Александр Григоревич. — Ман худи ҳозир сарзамини Тоҷикистони дӯстро тарк карда, инҷо омадам. Кишвари бениҳоят зебо! Мутаассифона, танҳо 4-5 фоиз [замини ҳамвор] ҳаст, ки дар он зиндагӣ карда ва аҳли байтро хурондан мумкин аст. Қариб даҳ миллион нафар одам, аҳолии босуръат рӯ ба афзоиш. Боқимонда –ҳама кӯҳ. Ба Душанбе борҳо парвоз карда, ба ҳайрат меафтам, ки одамон дар он ҷо чӣ гуна кор мекунанд. Ҳар як ваҷаб [замин] – ба мисли чумча ё чангаки барои хӯрдани хӯрок омодакардашуда — хеле хуб ба тартиб оварда шуда, босамар истифода бурда мешавад! Зеро зиндагӣ ва накӯаҳволии мардум аз замин вобаста аст.
Дар атроф вазъият ногувор: Афғонистон бори дигар нотинҷ шуд. Сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳазору чорсад километр, айнан ба ҳадди сарҳади миёни мо бо Украина аст. Кишваре, ки ду даҳсола пеш дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ хароб гашт ва дӯсти ман Эмомалӣ Раҳмон бори маъулияти онро бар дӯш гирифт, танҳо [ба наздикӣ] ба боло сар афрохтану рушд кардан оғоз намуд. Сокинон танҳо соли гузашта ба кадри кофӣ неруи барқ гирифтанд. Зиндагӣ душвор аст, вале мардум дар он ҷо ҳамаи душвориҳоро паси сар мекунанд».
Дар робита ба ин Александр Лукашенко беларусҳоро даъват кард, ки ба манфати Ватани худ содиқона хизмат кунанд, он чиро, ки доранд, ҳифз кунанд: «Агар мо ҳама чизи доштаро аз даст диҳем, аз бало эмин нахоҳем монд!».
Ёдовар мешавем, ки 17 сентябр Президенти Беларус А.Лукашенко дар саммити сарони кишварҳои узви СААД, ки таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе доир шуд, ширкат варзида, худи ҳамон рӯз ба Ватан баргашт ва дар форуми неруҳои ватанпарвар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Беларус иштирок намуд.
Қаблан Лукашенко дар маросими супоридани шиноснома ба наврасон дар Қасри истиқлол дар Минск бо чунин суханон ба ширкаткунандагон муроҷеъ шуда буд:
«Ватандӯстӣ танҳо дар сухан нест, дар лофи ватандорӣ нест. Ҳарчанд, албатта, дар ин бора ҳамеша бояд сухан гуфт. Ваданӯстӣ — ин кори ҳаррӯза ба манфиати Ватан, ҳифзи анъанаҳои таърихию фарҳангӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва беҳдошти зиндагии мардум аст».
АКСҲО: АИ «БелТА»/АМИТ «Ховар»
__________________________
* «Аз разм ба базм» («С корабля на бал») — якбора тағйир ёфтани шароит. Сарчашмаи ин ибораи пурмазмун романи А. Пушкин «Евгений Онегин», ч. 8, банди XIII: «Ӯ баргашт ва мисли Чацкий аз разм ба базм расид». Тавзеҳи АМИТ «Ховар».









Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






