БАТР барои ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон барномаи омӯзишии «Gender Intellingence» ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ тасмим гирифтааст, ки дар ҳамбастагӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар оянда барои ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон барномаи омӯзишии «Иктишофи гендерӣ» (“Gender Intellingence”) роҳандозӣ намояд. Масъалаи мазкур дар мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода бо мудири Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба масъалаҳои гендерӣ ва фарогирии молиявӣ хонум Барбара Рамбусек баррасӣ гардид, чунин иттилоъ доданд аз БМТ ба АМИТ «Ховар».
Моҳбону Накҳатзода ба намояндагони БАТР барои ҳамкории судманд дар самти татбиқи лоиҳаҳои ба рушди иқтисодии Тоҷикистон равонашуда, рафъи оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19 ва ҷонибдорӣ аз узвияти БМТ дар Иттиҳоди фарогирии молиявӣ изҳори сипос намуд. «БМТ ба фароҳам овардани имконияти иқтисодӣ ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорон, дастгирии рушди иқтисодӣ ва таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Итминон дорем, ки стратегияи мазкур муваффақона таҳия ва татбиқ карда мешавад»,-таъкид намуд Моҳбону Накҳатзода.
Мудири БАТР оид ба масъалаҳои гендерӣ ва фарогирии молиявӣ хонум Барбара Рамбусек омодагияшро барои густариши минбаъдаи ҳамкории БАТР бо БМТ изҳор намуда, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот оид ба сатҳи фарогирии молиявии занон дар кишвар ва дастгирии соҳибкории бонувонро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба маънидод намуда, гуфт, ки БАТР омода аст барои омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ кумак ва дастгирии худро пешниҳод намояд.
Зикр шуд, ки то кунун БМТ заминаи ташкили махзани маълумот оид ба сатҳи фарогирии молиявии аҳолиро комилан фароҳам оварда, дар ин самт тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби кумакҳои техникиро зарур мешуморад.
Дар мулоқот оид ба рушди бахши суғурта ва ҷалби кумакҳои техникӣ ба ин самт табодули назар сурат гирифт. Намояндагони БАТР омодагиашонро ҷиҳати баррасии масоили вобаста ба пешниҳоди кумаки техникӣ барои рушди бахши суғурта иброз доштанд.
АКСҲО: БМТ










ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд






