Бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳуҷҷатҳои аз дастдодаи 17 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ барқарор гардиданд

Ноябрь 2, 2021 09:46

ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки  дар натиҷаи сўхтор ҳуҷҷатҳояшонро аз даст дода буданд,  дар муҳлати кӯтоҳ аз  ҷониби Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия соҳиби шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ  гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин   ҷуброни молу ашёи   талафёфтаи  60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон  дар сўхтор  бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия  аз ҷониби корфармо пардохт гардид.

Ёдовар мешавем, ки 20 октябри соли 2021 дар ҳудуди иншооти сохтмонӣ,  ки дар назди метрои «Рассказовка»-и шаҳри Москваи Федератсияи Русия  воқеъ гардидааст, сӯхтор ба амал омад. Дар иншооти мазкур беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда,  80 нафари онҳо дар хобгоҳи ҳамин макони оташгирифта  иқомат мекарданд. Дар натиҷаи сухтор тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон молу ашё ва зиёда аз 17 нафарашон ҳуҷҷатҳояшонро аз даст дода буданд.

Мавриди зикр аст, ки Сафорат чунин ҳолатҳоро пайгирӣ намуда,  дар  ҳалли мушкили  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусоидат менамояд.

Маълум гардид, ки сӯхтор дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст. Ҳамчунин роҳбарияти ширкати мазкур дар таъмин кардани шаҳрвандон бо хобгоҳ, маводи либоса ва дигар лавозимоти зарурӣ омодагии худро изҳор намудааст.

АКС: Сафорати  ҶТ дар ФР

Ноябрь 2, 2021 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»