«КОБАЛТ-2021». Дар пойгоҳи саҳроии «Фахробод» машқҳои тактикӣ оғоз ёфтанд
ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон маросими кушодашавии машқҳои тактикӣ зери унвони «Кобалт-2021» дар мавзӯи «Банақшагирӣ ва гузаронидани амалиёти махсус барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ» бо иштироки воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва қувваҳои зудамали фаврии давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.
Дар маросими ифтитоҳи машқҳои махсуси тактикии «Кобалт-2021» муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода иброз дошт, ки мақсад аз баргузори ин гуна тамринҳои мақсаднок вобаста ба пешгирии амалҳои ҷинояткорона дар ҳудуди кишварҳои аъзо, инчунин дар ҳамкории зич қарор гирифтани мақомоти қудратии кишварҳо мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин гуна тамринҳо миёни иштирокчиёни табодули таҷриба гузаронида мешавад.
Дар машқҳои мазкур намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва намояндагони аъзои СААД иштирок доранд.
Пас аз садо додани сурудҳои миллии кишварҳои аъзо гузашти низомӣ сурат гирифт.
Мавриди зикр аст, ки машқҳои мазкур дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» то 19 ноябр идома ёфта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ дода мешавад.
АКСҲО: ВКД ҶТ










ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд
Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд






