Даҳ сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супориданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 ноябр дар Қасри миллат аз 10 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул карданд.
Аз ҷумла, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, Ҷумҳурии Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам оғлӣ Аскаров, Ҷумҳурии Туркия Эмре Зеки Карагёл, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ал- Решайдан, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, Конфедератсияи Швейтсария Дэвид Грихтинг, Ҷумҳурии Чехия Ватслав Йелик, Ҷумҳурии Лаҳистон Радослав Грук, Ҷумҳурии Эстония Тоомас Тирс ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Заҳангир Алам эътимодномаҳоро супориданд.
Пас аз супоридани эътимоднома барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотии сафирони тозатаъйин баргузор шуд.
Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко, аз ҷумла чунин зикр кард: «Беларус ва Тоҷикистонро дар ҳама соҳаҳо муносибатҳои дӯстонаи анъанавӣ мепайванданд. Мо дар маҷлисҳои байналмилалӣ як барномаи умумӣ таҳия мекунем. Имрӯз муносибатҳои наздики тиҷоратию иқтисодӣ дорем. Махсусан зикр кардан мехоҳам, ки асоси ҳамкориро муносибатҳои дӯстонаи ду Президент ташкил медиҳанд. Халқҳои моро риштаҳои ноаён бо ҳам мепайванданд. Дар кишвари шумо кор кардан бароям осон ва гуворо хоҳад буд».
Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оғлӣ Аскаров дар навбати худ таъкид намуд, ки «Озарбойҷон ва Тоҷикистон қариб дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ муносибатҳои хуб доранд. Ҳоло доираи ҳуқуқии Тоҷикистон ва Озарбойҷон беш аз 50 созишномаро дар бар мегирад. Ҳуҷҷатҳои қабулшуда миёни ду кишвар, бешубҳа, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар тамоми соҳаҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд. Пешрафту густариши равобити ду кишвар ба шарофати дӯстии наздики Президентҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон сурат мегирад. Дар робита ба ин, ман ҳамчун сафир саъй хоҳам кард, ки ин муносибатҳоро боз ҳам амиқтар инкишоф диҳам». Сафир гуфт, ки дар ояндаи наздик баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои кино ва фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба нақша гирифта шудааст.
Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл дар бораи равобити Туркияву Тоҷикистон чунин ибрози назар намуд: «Дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардем. Президенти Тоҷикистон ба мо дар бораи вазъи минтақа маълумоти васеъ ва муфид доданд, ки ин барои мо, сафирон хеле муҳим аст. Туркия ва Тоҷикистон то имрӯз дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, ҷалби сармоя, фарҳанг ва ғайра равобити дуҷониба доранд. Ба назарам мо дар ин бахшҳо натиҷаҳои хуб ба даст овардаем. Чанде қабл дар Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, ки дар равобити Тоҷикистону Туркия нақши муҳим дорад, баргузор шуд».
Сафир гуфт, ки қарор аст Президенти Туркия ба Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистон ба Туркия сафар анҷом диҳанд.
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ал — Решайдан аз сатҳи ҳамкории Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманд иброз доштанд.
Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс гуфт, ки «ҳамкории Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон оғоз гардид. Имрӯзҳо кишварҳо дар самтҳо ва соҳаҳои гуногун ҳамкории зичро идома медиҳанд. Дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ мо имкон пайдо кардем, ки донишҷӯёни тоҷикро барои таҳсил ба Британияи Кабир фиристем.
Дар тӯли ин солҳо кишварҳои мо бо мушкилоти сершумори ҷаҳонӣ, бахусус COVID-19 ва мушкилоти тағийрёбии иқлим рӯбарӯ шуданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар нишасти сатҳи баланд оид ба масоили обу иқлим, ки ин рӯзҳо дар Британияи Кабир ҷараён дорад, суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистонро дар масъалаи иқлим муфассал баён карданд. Мо медонем, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги обу энергетикӣ мебошад. Дар охир мехоҳам зикр намоям, ки ман ҳамчун сафир барои рушди ҳамкорӣ миёни Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳам дод».
Сафири Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон Дэвид Грихтинг зимни нишасти хабарӣ бар аҳамияти равобити Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Фонди ҷаҳонии муҳити зист ёдовар шуд. Ба гуфтаи Дэвид Гричтинг, Тоҷикистон дар 30 соли ахир дар сиёсати хориҷии Конфедератсияи Швейтсария яке аз кишварҳои муҳим ва баробарҳуқуқи Осиёи Марказӣ буд. Конфедератсияи Швейтсария ва Тоҷикистон дар самти тағйири иқлим, масъалаҳои об ва иқтисод ҳамкории зиҷ доранд.
Сафири Ҷумҳурии Чех дар Тоҷикистон Ватслав Йелик иброз дошт, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибатҳои байни кишварҳо баҳои баланд медиҳанд, ки ин зимни суҳбаташон бо сафирон тасдиқ гардид. «Тоҷикистон яке аз шарикони муҳими Ҷумҳурии Чех дар минтақаи Осиёи Марказист ва мо таърихи тӯлонии муносибатҳо дорем. Ман ҳамчун сафир дар густариш ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Чех ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм хоҳам гузошт», — гуфт Ватслав Йилек.
Сафири Эстония дар Тоҷикистон Тоомас Тирс гуфт: «Равобити Эстония ва Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Дар дидор бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили амнияти минтақа, аз ҷумла, авзоъ дар Афғонистон ва тағйири иқлим баррасӣ шуд. Эстония ҳамчун узви Иттиҳоди Аврупо равобити кишварҳои Осиёи Марказиро дар бахшҳои иқтисод, амният, фарҳанг ва маориф дастгирӣ менамояд».
Сафири Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш дар Тоҷикистон Заҳанггир Алам иброз намуд, ки миёни Бангладеш ва Тоҷикистон равобити хуби сиёсӣ барқарор шудааст. Бангладеш яке аз таъминкунандагони аслии маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва дар Тоҷикистон пахтаи хушсифат парвариш мешавад. «Мо нақша дорем, ки дар ин самт байни соҳибкорони Бангладеш ва Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ монем. Президенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш аз Президенти Тоҷикистон даъват кард, ки ба кишвари мо бо сафари расмӣ ташриф оваранд ва мо умедворем, ки даъват пазируфта мешавад”, — гуфт сафир.
Бояд таъкид кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогирро пеша карда, дар асоси усули “дарҳои боз” тавонист мақому манзалати худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намояд.
Пайрави ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: Хадамоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»