Дар ҷаҳон беш аз 255 миллион нафар ба коронавирус мубтало шудаанд
ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи гирифторони сирояти коронавирус дар ҷаҳон субҳи рӯзи чоршанбе ба 255 141 123 нафар расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
Аз оғози паҳншавии вирус пас аз сирояти COVID-19 дар ҷаҳон 5 130 689 нафар фавтидаанд. Ба ҷумлаи кишварҳое, ки беш аз 20 миллион ҳолати сирояти COVID-19 доранд, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҳиндустон ва Бразилия дохил мешаванд.
ИМА пешсафи давлатҳоест, ки шумораи одамони сироятшуда ва фавтидаашон зиёд буда, дар ин кишвар 48 161 377 нафар мубталоёни COVID-19 муайян карда шудаанд. Теъдоди фавтидагон 786 268 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҷои дувум аз рӯи шумораи гирифторон ба ин беморӣ Ҳиндустон меистад, ки теъдоди мубталоёни COVID-19 ба 34 466 598 нафар расидааст. Шумораи фавтидагон бар асари сирояти вирус дар кишвар 464 153 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷои сеюм дар ҷаҳон аз рӯи паҳншавии коронавирус Бразилия қарор дорад, ки дар давраи пандемия 21 965 684 ҳолат ба қайд гирифта шуда, 611 524 нафар фавтидаанд.
Тибқи маълумоти портали Worldometer, ки ба омори муҳимтарин рӯйдодҳои ҷаҳон тахассус дорад, мизони марг дар 1 миллион аҳолии ҷаҳон то субҳи рӯзи душанбе 657,2 нафарро ташкил додааст. Дар ИМА аз ҳар 1 миллион аҳолӣ 2352 кас, дар Ҳиндустон — 332, дар Бразилия — 2.849 кас ҳалок шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз