Дар Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 22 ноябр дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 17-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба кор оғоз намуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ, Қирғизистон Руслан Казакбаев, Узбекистан Абдулазиз Камилов, муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Хоҷиев, ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл ва узви Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен ширкат доранд.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ баррасӣ шуда, доир ба дурнамои ҳамкорӣ ва густариши робитаҳо табодули афкор сурат гирад. Ба рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ низ дохил мешаванд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»


















Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






