Дар Душанбе бо иштироки Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл нишасти матбуотӣ доир гардид

Ноябрь 24, 2021 13:47

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл, Ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен ва Сардори Намояндагӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар нишаст доир ба масъалаҳои мубрами  рӯз дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва бемории COVID-19 изҳори андеша карда шуд.

Ҷозеп Боррелл зимни баррасии масоили амниятӣ оид ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон зикр намуд, ки ИА омода аст дар ин масъала, бахусус дар самти ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қариб 1400 километр бо Афғонистонро ташкил медиҳад, таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Инчунин ӯ гуфт, ки ИА дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир омодаи ҳамкорӣ мебошад.

Мавсуф дар масъалаи кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба Афғонистон гуфт, ки “гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори ҳукумати инклюзивӣ дар ин кишвар мебошад ва ҳукумати кунуниро ба расмият намешиносад, аммо бо вуҷуди ин ба мардуми одии ин мамлакат қувваи барқ медиҳад, то ин ки зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоянд, ки ин шоистаи таҳсин аст”.

Ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен дар нишаст  иброз намуд, ки  Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои мардуми Афғонистон дар доираи пакети  дастгирӣ 1 миллиард евро ҷудо мекунад.

«Ин пакет аз чанд ҷузъ иборат хоҳад буд: ҷузъи якум фарогири кумаки башардӯстона аст, ки 300 миллион евроро ташкил медиҳад, ҷузъи дуюм муносибати башардӯстона аст, ки 250 миллион евро мебошад,  ки бевосита ба эҳтиёҷоти асосӣ ва воситаҳои зиндагии мардум дар Афғонистон равона мешавад ва ҷузъи сеюм дастгирии минтақаро пешбинӣ мекунад», -гуфт ӯ.

«Мо тасмим дорем бидуни эътирофи толибон ё ҷалби сохторҳои ҳукуматӣ дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ин амалро анҷом диҳем»,-афзуд Ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалӣ.

Ҳамзамон Ютта Урпилайнен зикр кард, ки барои Осиёи Марказӣ ду самти афзалиятнок ҳастанд, ки асосан ба онҳо сармоягузорӣ карда мешавад: аввалан устуворӣ, фарогирии об, энергия, ҳуқуқи инсон, занон ва тавонмандӣ, волоияти қонун, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сулҳу субот ва сониян, шукуфоӣ, пайвасти рақамии ҳукумат, соҳибкорӣ, тиҷорати минтақавӣ ва рушди инсон.

Мавриди зикр аст,  ки Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл ва Ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен дар ҷаласаи 17-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки 22 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, аз НБО-и «Норак» дидан карданд.

Ёдовар мешавем, ки  Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз 130 намояндагии Иттиҳоди Аврупост, ки дар тамоми ҷаҳон фаъолият мебаранд.

Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соли 2003 таъсис ёфта, моҳи майи соли 2004 расман ба ҳайси намояндагии дипломатӣ ваколат пайдо намуд. Қаблан Намояндагӣ таҳти раёсати Сардори Намояндагии муқими Қазоқистон (аз соли 2001 – Алан Ваддамс, аз соли 2005 – Адриан ван дер Меер ва аз соли 2008 – Норбер Жустен) фаъолият мебурд. Амалиёти ҳаррӯзаи Намояндагиро дар шаҳри Душанбе Кордори ваколатдори муваққатӣ (аз соли 2004 – Б. Плинкерт, аз соли 2008 – Ш. Адриан) идора менамуд. Дар соли 2009 раванди баланд бардоштани мавқеи Намояндагӣ ба дараҷаи комилҳуқуқӣ оғоз гардид, ки бо ташрифи Сардори Намояндагии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2010 мукаммал гардид.

Аз якуми декабри соли 2009 бо эътибор пайдо намудани Шартномаи Лиссабон Намояндагии Комиссияи Аврупо ба Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2021 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим баланд арзёбӣ гардиданд
Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Абузабӣ мулоқот намуд
Масъалаи сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон
Дар Кувайт ҷашнҳои давлатӣ ва муҳими Тоҷикистон таҷлил карда шуданд