Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия мулоқот намуданд

Декабрь 5, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 05.12.2025  /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр дар шаҳри Вена дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия Элина Валтонен мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот вазирон дар баробари баррасии масъалаҳои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Финляндия инчунин оид ба ҳамкории минтақавӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва таъмини амният дар ҳавзаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид