Дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии «Моликияти зеҳнӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид

Ноябрь 29, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Моликияти зеҳнӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ» ва маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон- муҳаррики инноватсия» баргузор карда шуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён зикр намуд, ки рушди соҳаи илм таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин раванд ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Зикр карда шуд, ки бо мақсади амалисозии иқдоми мазкур ва васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт имсол якумин бор Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ташкил ва баргузор гардида, ғолибон ва омӯзгорони онҳо бо ҷоизаҳо ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон дар конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳо, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ихтироъкорон, соҳибкорон, навоварони ҷавон, намояндагони донишгоҳҳои кишвар иштирок намуда, суханронӣ намуданд.

Инчунин дар доираи ҳамоиш мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пайвасти илм ба истеҳсолот чорабинии «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» баргузор шуд, ки ихтироъкорон ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ натиҷаҳои зеҳнии худ, яъне ихтироъҳояшонро бо назардошти самараи иқтисодӣ пешкаш намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Ноябрь 29, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд