Дар Лондон Клуби сафирони Созмони ҳамкории Шанхай таъсис ёфт

Ноябрь 3, 2021 14:35

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи вохӯрии кории  сафирони кишварҳои узв ва нозирони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Лондон, ки таҳти раисии ҷониби Тоҷикистон баргузор шуд, бо пешниҳоди Сафир Масуд Халифазода Клуби сафирони ин созмони бонуфуз таъсис ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ.

Вохӯрии мазкур 14 сентябр доир гардида, зимни он Сафири Тоҷикистон Масуд Халифазода ба иштирокчиёни чорабинӣ маълумоти мухтассар дар бораи раёсати Тоҷикистон дар ин созмон пешкаш намуд.

«Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин нишаст Сафири Тоҷикистон таъсиси Клуби сафирони ин созмон ва ба таври мунтазам баргузор намудани ҷаласаҳои минбаъдаи онро пешниҳод кард», — хабар доданд аз  Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ.

Зимни вохӯрӣ инчунин мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар соли 2021 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 СОЛИ СҲШ: ҲАМКОРӢ БАҲРИ СУБОТ ВА ШУКУФОӢ», ки нахуст дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр ва аз ҷониби Сафорат дар шакли китоб чоп шудааст, ба иштирокчиён тақдим гардид.

Клуби сафирони СҲШ майдони ғайрирасмии мубоҳисавӣ буда, ба дарёфти самтҳо, шаклҳо ва усулҳои нави ҳамкории бисёрсоҳавӣ дар доираи СҲШ нигаронида шудааст. Чунин клуб дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин низ таъсис ёфтааст.

АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

Ноябрь 3, 2021 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд