Дар Лондон Клуби сафирони Созмони ҳамкории Шанхай таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи вохӯрии кории сафирони кишварҳои узв ва нозирони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Лондон, ки таҳти раисии ҷониби Тоҷикистон баргузор шуд, бо пешниҳоди Сафир Масуд Халифазода Клуби сафирони ин созмони бонуфуз таъсис ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ.
Вохӯрии мазкур 14 сентябр доир гардида, зимни он Сафири Тоҷикистон Масуд Халифазода ба иштирокчиёни чорабинӣ маълумоти мухтассар дар бораи раёсати Тоҷикистон дар ин созмон пешкаш намуд.
«Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин нишаст Сафири Тоҷикистон таъсиси Клуби сафирони ин созмон ва ба таври мунтазам баргузор намудани ҷаласаҳои минбаъдаи онро пешниҳод кард», — хабар доданд аз Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ.
Зимни вохӯрӣ инчунин мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар соли 2021 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 СОЛИ СҲШ: ҲАМКОРӢ БАҲРИ СУБОТ ВА ШУКУФОӢ», ки нахуст дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр ва аз ҷониби Сафорат дар шакли китоб чоп шудааст, ба иштирокчиён тақдим гардид.

Клуби сафирони СҲШ майдони ғайрирасмии мубоҳисавӣ буда, ба дарёфти самтҳо, шаклҳо ва усулҳои нави ҳамкории бисёрсоҳавӣ дар доираи СҲШ нигаронида шудааст. Чунин клуб дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин низ таъсис ёфтааст.
АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






