Дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои Суғд бахши ташхис ва табобати рентген-эндоваскулярӣ фаъол гардид

Ноябрь 26, 2021 08:31

 ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахши ташхис ва табобати рентген-эндоваскулярӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Таҷҳизоти ангиографӣ, ки тавассути он ташхис ва муолиҷаи бемориҳои қалб ва рагҳои хунгузар ба роҳ монда мешавад, истеҳсоли Ҷопон буда, барои кор дар ин бахш мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд.

Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи тиб, таҷҳизоти муосири тиббӣ барои ташхиси рагҳои хунгарди дилу майнаи сар, гурда ва шараёнҳои канорӣ истифода гардида, имкон медиҳад, ки беморон бо харҷи камтар табобат карда шаванд.

Зимни суҳбат бо табибони бемористон Раҷаббой Аҳмадзода аз тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола даҳҳо иншооти соҳаи тибби ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёду мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Аз ҷумла, бинои табобатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд низ бо дастгириҳои Сарвари давлат бо беҳтарин шароит дар хизмати мардум қарор гирифт.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 26, 2021 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд