Дар Рӯзи Президент Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» расман ифтитоҳ гардид

Ноябрь 16, 2021 16:44

ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар КВД Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маросими расмии ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» баргузор гардид, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмад.

Дар маросими ба сифати муассисаи давлатӣ дар сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши дақиқияти баланди рақамӣ (бо сифати FUL HD) ба фаъолият шурӯъ кардани телевизиони “Шаҳнавоз” муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, роҳбарон ва кормандони сохторҳои кумита  ширкат намуданд.

Дар ҷамъомади тантанавие, ки ба ин муносибат дар толори  “Шарқи озод” доир шуд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён сухан гуфта, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақому сифати нав ба кор оғоз кардани телевизиони мусиқии “Шаҳнавоз”-ро фоли нек ва самараи хуби сиёсати фарҳангпарварона ва таваҷҷуҳу ғамхории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи телевизион ва радио арзёбӣ намуд.

Зикр шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ шурӯъ гардиданд. Дар расидан ба ин ҳадафҳои бузург саҳми кормандони эҷодию техникии соҳаи телевизион ва радиои кишвар низ чашмрас аст. Дар ин давра аз ҷониби кормандони соҳаи телевизион ва радио марҳилаҳои рушду инкишофи кулли бахшҳо мунтазам инъикос гардида, фазои иттилоотии мамлакат бо афкору муҳтавои тарғибгари манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва дӯстию рафоқат таъмин карда шуд.

Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» аз 65 воҳиди корӣ иборат мебошад, ки 19 воҳиди кории он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Мақсади асосии таъсиси телевизиони ҷадид фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти самарабахши соҳаи телевизион ва радио, таъмини аҳолӣ бо хабару гузоришҳои вобаста ба соҳаҳои фарҳанг ва мусиқӣ, таҳия  ва пешниҳоди барномаҳо оид ба дастовардҳои соҳаи мусиқии миллӣ ва ҷаҳонӣ, ҷалби истеъдодҳои соҳаи фарҳангу санъат, баланд бардоштани мақоми санъати мусиқӣ дар ҷомеа ва дар маҷмўъ беҳтар намудани сифати барномаҳои телевизионӣ ва муаррифии арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.

Дар қисмати фарҳангии маросим барномаи рангини консертӣ иборат аз рақсу сурудҳои дилнишон дар иҷрои дастаҳои ҳунарии Кумита пешкаш гардид, ки тараннумгари меҳру садоқат ба Ватан ва Пешвои миллат, ваҳдату ягонагии миллат ва зебоиҳои диёр буд.

Бояд гуфт, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва  студияҳои маҳсулоти аудиовизуалӣ ба 94 адад расидааст, ки 14 адад шабакаи телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 21 радиои хусусӣ, 14 телевизиони ноқилӣ, инчунин 3 телевизиони  IP ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 16, 2021 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони Чин бо фаъолияти Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
6 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МАКОНИ ЗИСТ. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд таъсири харобиовари омили антропогенӣ ба табиатро ҷилавгирӣ намояд
МУЛОҚОТИ СУДМАНД ВА ТАҲКИМБАХШ. Дар ҳошияи сафари Президенти Тоҷикистон ба Давлати Қатар
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад
Забони тоҷикӣ давоми бештар аз сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид
Дар шаҳри Гулистон ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЗАБОН-РУКНИ МУАССИРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
«ЗАБОН-ОИНАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ». Дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Бадахшон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд