Дар Теҳрон роҳандозии сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи роҳандозии сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштараки аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон ва Эрон 22 ноябр дар Теҳрон зимни мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии ин кишвар Муҳаммад Маҳдӣ Исмоилӣ, баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки аҳли адабу фарҳанги ду кишвар асоси ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эронро, ки аз умқи таърих сарчашма мегиранд, ташкил медиҳанд», — гуфта мешавад дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, пайвандҳои таърихию меросии қадимиро доро мебошанд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






