Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 83,1 фоиз иҷро гардид

Ноябрь 22, 2021 15:25

ДУШАНБЕ, 22.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо натиҷагирӣ аз сатҳи баргузории чорабиниҳои рӯзи аввал ва даъвату гусели саривақтии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ ба 83,1 фисад расид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо оғоз гардидани чорабиниҳои даъватӣ дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар нахустин шуда, дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе нақшаи пешбинигардидаро пурра ба анҷом расониданд.

Тайи беш аз як моҳи сипаригардидаи маъракаи даъвати тирамоҳӣ аллакай зиёда аз 30 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинигардида гузориш доданд.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз якуми октябри соли равон даъвати тирамоҳии шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар мамлакат ҷараён дорад.

Иҷрои нақшаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ давоми беш аз як моҳи сипаригардида дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 96%, дар вилояти Суғд 77,3% ва дар вилояти Хатлон 75%-ро ташкил медиҳад. Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ то имрӯз иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ қариб 83,1%-ро дар бар мегирад.

Ҷиҳати иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад.

 АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

Ноябрь 22, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид