Дар Тоҷикистон одамон дарозумр шудаанд

Ноябрь 29, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабарнигорони Ширкати телевизион ва радиои байнидавлатии «МИР» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон менависанд, дар кишвари мо аҳолӣ дарозумр шудаанд. Агар соли 2000-ум давомнокии миёнаи умр ба 68 сол мерасид, ҳоло он ба 75 расидааст. Ин қиёс миёни мардон аст, занон дарозумртаранд. Чунин аст хулосаи тадқиқоти калон. Ин дар ҳолест, ки дар деҳот ҳадди миёнаи умр нисбат ба шаҳр баландтар аст.

«Онҳо тарзи ҳаёти фаъолона пеш мебаранд, дар деҳот одамон танҳо зиндагӣ намекунанд, зеро яке аз мушкилоти рӯзмарра- ин канорагирии иҷтимоист. Агар ту дар шаҳр ба нафақа баромадӣ, доираи ҳамсуҳбатони худро аз даст медиҳӣ, миёни мушкилоти худ банд мегардӣ, ба ҳеҷ ҷо намеравӣ, кор нест. Дар деҳот  баръакс зиндагӣ кардан осонтар аст»,-иброз медорад табиб-геронтологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саодат Камолова.

Олимони Вазорати тандурустӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти одамони солхӯрда: аз дастрасӣ ба меҳнат ва ёрии тиббӣ то бемориҳоро таҳқиқ намудаанд.

«Мушкилоти системаи дилу рагҳо дар нафарони аз 70-сола боло чандон ба назар намерасанд. Онҳо бештар аз осеббинии системаи такягоҳу ҳаракат азият мекашанд, ба онҳо роҳ гаштан мушкил мегардад, онҳо ҳаракати зиёдро ба худ раво намебинанд»,-мегӯяд мудири шуъбаи мониторинг ва мушоҳида аз рӯйи маъюбони Институти барқарорсозии тиббию санитарӣ Лола Қузиева.

Тибқи пешгӯиҳо, баъди 10 сол давомнокии ҳаёт дар ҷумҳурӣ то ба 80 сол мерасад. Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии одамони пиронсол-ҳадафи асосии ҳукумат аст.

«Одамони пиронсол мушкилоти зиёд доранд ва афзудани шумораи нафақахӯрон ба сарбории зиёд дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ин мушкилотро бояд имрӯз ҳал кард»,-иброз менамояд Саодат Камолова.

Дар Боғи ботаникии Душанбе Клуби дарозумрони «Ҳамдилон Оптима» (ДАР АКС) таъсис дода шудааст, ки ҳоло дар кишвар ягона аст. Дар ҳама гуна вазъи ҳаво нафароне, ки синни баъзеашон аз 70 зиёд аст, пеш аз ҳама, барои солимии ҷисмонӣ ва албатта, барои суҳбат ва хуб гардонидани ҳолати равонии худ ба ин ҷо  меоянд. Шароити асосӣ: ҳавои тоза ва хушҳолист.

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Рӯшон таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Дар нимсолаи якуми соли 2026 беш аз 40 баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи созиш ҳал гардид
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд